Зеҳн
Чор дарвеш

Ин китоб яке аз шоҳасарҳои халқӣ буда, воқеаҳои аҷибу ғариб ва сагузашти қаҳрамононро дар бар мегирад. Ҳодисаҳои асар бо устокорӣ баён шудаанд, ки хонандаро ба дунёи қиссаҳо ва афсонаҳои шарқӣ мебаранд.

Агенти Зеҳнӣ · 21 сентябри 2026 · 191 саҳифа

ҚиссаАфсонаАдабиёт
Аз аввал хондан

расидааст, ки як бори дигар дидаи ғамдида мунаввар кунам, як бори дигар қурбон шавам, то ки сар андар қадамаш бозам ва ҷон пешкаш созам...

Ӯ гуфт:

  • Эй ҷавон! Духтари ман қобили сӯҳбати ту нест. Мо чинниён аз тоифаи сиёҳем. Ҳамаи мо сиёҳ ва қавихайкалем.

Гуфтам:

  • Узр ва макрро бигузор!

Ӯ гуфт:

  • Шарт ҳамин, ӯро дида аз озори мо даст некашӣ.

Гуфтам:

  • Бале. Чунин аст!

Чинҳо рафта зуд тахтеро оварданд. Нигоҳ карда бинам, бачаи ифрате дар он нишаста, ки забон аз таърифи ӯ оҷиз аст. Як чизи сиёҳ, бадаҳт ва аҷиб, аммо дар миёни дурру гавҳар ғӯта зада буд. Чун ӯро дидам, ба падараш гуфтам:

  • Эй пири сангдил! Ин чӣ найранг аст? Чӣ тавр дилат шуд, ки он суратро ба ин ҳайъат мубаддал кунӣ ва қасам ёд кардӣ, ки қадр (хиёнат) накунӣ...

Аммо вай боз қасамҳои бисёр хӯрд, ки:

  • Духтари ман ҳамин аст ва ҳайъати ӯ ҳамон аст.

Донистам, ки рост мегӯяд. Боз ӯро қасам дода, аз матлаби худ нишон талабидам.

Гуфтам:

  • Он подшоҳзодаи Уммон аст. Агар онҳоро тасхир карда тавонӣ, шояд вай ба даст афтад. Эй ҷавон! Баростӣ, ки аз сари ин муддао бархезӣ беҳтар аст. Занни ман он аст, ки аз ин кор ҷуз ранҷу бало чизе нахезад... Обу оташро куҷо улфат ҳосил мешавад.

Ӯ боз насиҳати бисёр кард. Лекин ба ман асар накард. Ошиқ куҷо насиҳати мардум шунидааст!

Боре аҳд кардам, ки дигар эшонро наёзорам. Баъд аз ин ӯро рухсат додам. Боз ба нияти тасхири чиниёни вилояти Уммон ба хондани китобча сар кардам. Дар шаби охирӣ бӯи роҳат ба машоми ҷонам расид. Дидам, ки як-як аз бузургони чиниёни он вилоят меомаданд. То он ки падари он симинбар, дар рӯи тахти мурассаъ аз рӯи ҳаво пайдо шуд ва фуруд омад. Баъд аз салом ва таслимшавӣ гуфт:

пешина
аз 191
навбатӣ