Чор дарвеш

Ин китоб яке аз шоҳасарҳои халқӣ буда, воқеаҳои аҷибу ғариб ва сагузашти қаҳрамононро дар бар мегирад. Ҳодисаҳои асар бо устокорӣ баён шудаанд, ки хонандаро ба дунёи қиссаҳо ва афсонаҳои шарқӣ мебаранд.
Агенти Зеҳнӣ · 21 сентябри 2026 · 191 саҳифа
— Эй ҷавони одамизод! Манзури ту чист, ки бо ин ҳама саъю ғайрат ин дуогӯйро ҳозир кардӣ?
Ман баъд аз шароити таъзим ва эҳтиром, ӯро қасам додам ва гуфтам:
— Эй малик! Муддатҳост, ки ба ишқи духтари киромии шумо гирифтор ва аз фурқати он сарвкад беорому беқарорам. Хоҳиши онро дорам, ки марҳамат намуда ин фақири шикастаҳолро ба зулоли висоли он фархундамаол1 расонӣ! Ва маро ва худро аз ин машаққат бираҳонӣ?
Ӯ гуфт:
— Эй ҷавон! Ту одамизод ва мо ҷамоати ҷиниён ҳастем. Наздикии одамӣ ба ҷин ғайримумкин ва аз ақл дур аст.
Ҳарчанд ӯ мумониат менамуд, ман зиёдтар мепурсидам. То ин ки дар байни ман ва ҷиниён аҳду паймон шуд, ки он подшоҳи мулки хубӣ дар пеши ман бошад, ба шарти он, ки ба назари шаҳват ба ӯ нигоҳ накунам. Ман ҳам қабул намудам.
Ӯ гуфт:
— Ҳоло мегӯӣ, аммо куҷо ба шарт вафо хоҳӣ кард?!
Гуфтам:
— Аз чӣ донистӣ?
Ӯ гуфт:
— Одамизодро вафо набувад!
Ман он шарти балог2 аст бо ту мегӯям, Ту хоҳ аз суханам панд гир, хоҳ малол.
Ҳоло вақт ҳаст, ба ту мегӯям, ки агар иродаи ту аз рӯи шаҳват набуд, ӯ дар хизмати ту бандавор хоҳад буд. Ман ҳам аз ҳаводорони туам. Агар бо ӯ мубошират, хуфтухоб кунӣ, боиси марги ӯ хоҳад шуд. Марги ӯ боиси меҳнат ва машаққати ту хоҳад буд...
Гуфтам:
1 Фархундамаол — охираш нек, охираш босаодат. Дар ин ҷо ба маънои амалаш нек – босаодат.
2 Балог — расонидан, расониш (хабаре ё супоришеро ба касе), шарти балог — адокунии вазифаи расониши ягон маълумот, ё супориши чунон ки бояд. Дар адабиёт балог ба маънои панд кор фармуда мешавад ва шарти балог — адои вазифаи панддиҳӣ, чунон ки бояд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё