Зеҳн
Чор дарвеш

Ин китоб яке аз шоҳасарҳои халқӣ буда, воқеаҳои аҷибу ғариб ва сагузашти қаҳрамононро дар бар мегирад. Ҳодисаҳои асар бо устокорӣ баён шудаанд, ки хонандаро ба дунёи қиссаҳо ва афсонаҳои шарқӣ мебаранд.

Агенти Зеҳнӣ · 21 сентябри 2026 · 191 саҳифа

ҚиссаАфсонаАдабиёт
Аз аввал хондан
  • Э малики аъзам, ту он санамро як назар ба ман бинамо ва ҳар балое, ки расад, маро роҳат аст.
    Ниҳоят баъд аз муоҳида...

...Ман тарки ҷон гирифтаму дилдор ёр шуд,
Шукри Худо, ки мавсими бӯсу канор шуд.
Он ёри дилнавоз, ки сабрам рабуду рафт,
Миннат худойро ки ба ман боз ёр шуд.

Якбора он зебонигор аз дар даромад. Инони дили шайдо аз кафам даррабуд. Баъд аз муддате боз дидаи ҳиҷрондидаро аз нури ҷамолаш зиё ва нурдили меҳнаткашидаро нишот ва сурур рӯй намуд. Чун ҷон дарбар кашидам ва қадамаш бӯсидам. Он нозанини маҳҷабин меҳрубонӣ ва дилҷӯй ва изҳори муҳаббат аз вафодории ман мекард.
Муддате бо якдигар дар ин иморат, ки дар кунҷи боғ воқеъ аст, ба сар мебурдем. Он ороми ҷон ба ман мегуфт, ки:

  • Э ҷони азиз! Ту ғофил аз худ мабош, ки чиниён дар камини ту мебошанд. Ва аз китоби худ бохабар бош, ки мабодо надузданд. Соҳироне дар миёни чиниён ҳастанд, ки агар лаб бар ҳам зананд, оламеро барҳам мезананд.
    Боре, дар шаб, дар вақти мастӣ шайтон ғалаба кард, хостам, ки даст дар гардани он нигор дарорам. Дар он дам овозе шунидам, ки мегуфт: «Китобро ба ман деҳ, ки ҳама исми аъзам аст ва хуб нест, ки дар чунин вақт бо ту бошад!». Ман чун маст будам, тафтиши соҳиби овоз накардам ва китобро аз багали худ берун бароварда ба ӯ додам ва рӯ ба мақсад ниҳодам. Он нозанин ба ман бонг зад, ки:
  • Э золим! Насиҳати маро фаромӯш кардӣ, кор аз даст рафт.
    Бо ин суханон вай бехуд шуда афтод. Ман ба ақиби ӯ нигоҳ кардам, пири ифрите дидам. Хостам озор диҳам, дигарашро дидам, ки китобро аз вай рабуда гурехт. Ман он қадар ёд доштам, аз афсунҳои он китоб якеро хонда дамидам ва он ифратро ба сурати гов даровардам. Он соҳири дигар ба соҳирӣ дуоҳоро аз хотирам маҳв кард ва худаш гурехт. Чӣ зуд ба болини он нозанин омадам, ӯро беҳуш ва хомӯш ёфтам. Аз он рӯз боз он сарви ноз ба ҳамон ҳолати рӯзи аввал ба
пешина
аз 191
навбатӣ