Зеҳн
Чор дарвеш

Ин китоб яке аз шоҳасарҳои халқӣ буда, воқеаҳои аҷибу ғариб ва сагузашти қаҳрамононро дар бар мегирад. Ҳодисаҳои асар бо устокорӣ баён шудаанд, ки хонандаро ба дунёи қиссаҳо ва афсонаҳои шарқӣ мебаранд.

Агенти Зеҳнӣ · 21 сентябри 2026 · 191 саҳифа

ҚиссаАфсонаАдабиёт
Аз аввал хондан

ХОТИМА

Ровӣ гӯяд, ки чун дарвеши чорӯм ҳикояи худро ба охир расонид, аз ҳарами подшоҳ гулгула ва овози хуррамӣ баланд шуд. Хоҷасароён ба боргоҳ давиданд, ва мужда доданд, ки ба шоҳ писар шуд... Шоҳ аз шунидани ин хабар беҳуш гардид. Чун ба ҳуш омад, пурсид ки:

— Аз аҳли ҳарам касе ҳомила набуд. Ин писар аз кӣ шудааст?

Гуфтанд:

— Фалон хоссаро, ки султон чанд моҳ қабл аз ин ғазаб карда буданд ва ӯ дар гӯшае пинҳон буд, касе ҳам ӯро аз тарси шоҳ парасторӣ намекард, номи ӯро ба шоҳ намегуфтанд, мунтазир буданд, ки ҳамлаш чӣ мешавад. Хайрият писаре зоид.

Подшоҳ сарупо бараҳна ба ҳарам тохт ва писарро ба бағал гирифта, берун овард ва ба қадами дарвешон гузошт. Ҷумла дарвешон сару чашми тифлро бӯсиданд ва ба ӯ шоҳзода Бахтиёр ном доданд. Баъд аз он шоҳ ӯро ба ҳарам бурда, ба доягон супурда боз гашт ва ҳамон рӯз раиятро се сол аз андоз озод кард, қалами авф бар гуноҳгорон кашид, зиндониёнро халос карда, дари хазинаҳоро кушод... Хайру эҳсон ба фақирон кард ва фармуд ҷашни шоҳона тартиб доданд.

Ҳанӯз ҷашну сурур тамом нашуда буд, ки аз ҳарам бонги навҳа ва фарёд баланд шуд. Подшоҳ ва ёрон биларзиданд. Аз ҳарам хабар омад, ки чун тифлро шуста ба ҳарир печида, дар канори модар хобониданд, ногоҳ абри тирае дар ҳаво пайдо шуд ва ба замин нишеб шуда, он тифлу модарашро иҳота намуд. Баъд аз бардошта шудани он дуд, модари тифл беҳуш, тифл нопадид гардид...

пешина
аз 191
навбатӣ