Чор дарвеш

Ин китоб яке аз шоҳасарҳои халқӣ буда, воқеаҳои аҷибу ғариб ва сагузашти қаҳрамононро дар бар мегирад. Ҳодисаҳои асар бо устокорӣ баён шудаанд, ки хонандаро ба дунёи қиссаҳо ва афсонаҳои шарқӣ мебаранд.
Агенти Зеҳнӣ · 21 сентябри 2026 · 191 саҳифа
Шоҳ ва ёрон гирён шуданд, аз ин ҳодисаи аҷиб ҳайрон ва парешон нишастанд, лаб аз ханда бастанд.
Баъд аз ду рӯз он тифлро бо гаҳвораи мурассаи марворидкорӣ боз оварданд. Боз ҳама хуррам ва шодон шуданд. Аммо ҳеҷ кас намедонист, ки он чӣ ҳодиса буд. Подшоҳ дар назди давлатхона барои дарвешон такя сохта дод ва ротиба (хӯроки рӯзмарраи доимӣ) муқаррар фармуд. Худаш ҳар рӯз, ки аз девон фориг мешуд, ба назди онҳо мерафт.
Дар сари ҳар моҳ як навбат ба дастури мазкур писар нопадид мешуд. Чун ӯро меоварданд, бо вай тӯҳфаҳо - либосҳо ва дигар чизҳо буд, ки дида аз шуниданашон тира мешуд. То он ки синни ӯ ба ҳафтсолагӣ расид ва ҳамадам ин қоида давом мекард. Подшоҳ бо машварати дарвешон аризае ба ин тарз навишт:
«...Саломи муҳиббона ва муштоқона аз ин маҳҷурони аз мулозимат маҳрум ба хизмати саркори баландиқтидор расонида маълум медорад, ки агар шафқат мабзул фармуда, ин бечорагонро аз ин водии ҳайрат наҷот дода, ба сарманзили мақсад, яъне ба ҷиҳати пойбӯси остон ва мулозимати бандагон далолат намоянд, ба ҷо ва сазост».
Дар рӯзи нопадид шудани шаҳзода Бахтиёр аризаро дар бағали ӯ гузошта мунтазири ҷавоб буданд. Чун писар ғоиб шуд ва шаб даромад, вақте ки Озодбахт дар такяи дарвешон ба сӯҳбат машғул буд, ногоҳ коғазе дар доман печида диданд. Чун гирифта диданд, ҳамон ариза буд, ки бар пушти он чунин навишта шуда буд: «Озодбахт! Хоҳиши мулозимати мо кардай. Ба ҷиҳати ҳурмати шаҳзода Бахтиёр, ки ба ҷои фарзанди азиз аст, хоҳиши туро қабул мекунем. Чанд нафар кас фиристода шуд, ки шуморо биёранд. Аз қазо ҷашне дорем ва мунтазири шумо ҳастем»...
Ёрон хуррам ва шод шуданд. Ногоҳ чор-панҷ кас ба гиребони ёрон часпида баланд карданд. Чун ба худ омаданд, дар ҷое буданд, ки ба умри худ дар сафо монандӣ он ҷое надида буданд.
Боғе, ки Ирам нишонаи ӯст,
Дар ҳар гӯша фасонаи ӯст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё