Зеҳн
Чор дарвеш

Ин китоб яке аз шоҳасарҳои халқӣ буда, воқеаҳои аҷибу ғариб ва сагузашти қаҳрамононро дар бар мегирад. Ҳодисаҳои асар бо устокорӣ баён шудаанд, ки хонандаро ба дунёи қиссаҳо ва афсонаҳои шарқӣ мебаранд.

Агенти Зеҳнӣ · 21 сентябри 2026 · 191 саҳифа

ҚиссаАфсонаАдабиёт
Аз аввал хондан

Чун Озодбахт ва ёрон ончунон босафо маҳаллеро диданд аз бӯи гул ва савти булбул маст ва мадҳуш гардиданд. Чун ба худ омаданд, овозе шуниданд, ки мегуфт: «Ҳукми малик аст, сурмаи сулаймонӣ ба чашм кашанд!». Чӣ шуд, ки чашми онҳо ба сӯзиш даромад ва чанд қатра об рехта равшан гардид. Назар карданд, ҷамъи париёнро диданд, ки дар баробари онҳо истодаанд. Ёрон зуд аз ҷо бархостанд. Париён гуфтанд, ки:
— Малики муаззам — малик Шаҳбол бинни Шоҳрух шуморо металабанд.

Озодбахт ва дарвешон равона шуданд. Ҳарчанд назар карданд, он боғи биҳиштоинро канор пайдо набуд, то ин ки ба як иморати бошукӯҳ расиданд. Аз дарун овози созу навоз ба гӯш мерасид. Чун ба дарун даромаданд, маҷлисе диданд, бемислу бемонанд. Дар ҳар гӯшаву канор сандалӣ, курсӣ ва тахтҳо монда, паризодони симинъизор нишаста буданд. Дар сари пешгоҳ тахте аз зари ноб гузошта шуда, бар рӯи он шоҳаншоҳи париён малик Шаҳбол такя карда буд. Нозанин паризоде ба синни ҳафтсолагӣ дар канораш нишаста, бо шоҳзода Бахтиёр бозӣ мекард. Озодбахт ва дарвешон аз тантанаи дарбори малик Шаҳбол дасту по гум карда, ба зери арақ монданд ва сари ҳиҷолат афканданд.

Малик Шаҳбол эъзоз ва икроми онҳоро баҷо оварда, онҳоро ба курсӣҳо таклиф намуд. Баъд аз он боз маҷлиси базм давом кард. Он рӯзро ба ишрат гузарониданд. Рӯзи дигар малик Шаҳбол аз кайфияти рафоқати Озодбахт ва дарвешон савол кард. Озодбахт ба сухан даромада, ба таърифи дарвешон оғоз кард ва саргузашти худ ва дарвешонро аз аввал то ба охир гуфта дод дар ниҳояти суханаш илова намуд, ки ҳоло ба хизмати шоҳаншоҳ мушарраф гаштаанд ва чашми муованат аз ӯ доранд...

Чун малик Шаҳбол ҳоли онҳоро шунид, дилаш ба он фақирон сӯхт ва муждаи ёрӣ ба онҳо дод. Баъд фармуд, ки девон, ифритон ва паризодон ба тамоми дунё паҳн шуда, ба подшоҳони Чину Парӣ, ки дар тамоми баҳру бар сокин ҳастанд, нома баранд ва онҳоро ба зудӣ ба дарбори шоҳ ҳозир созанд. Дар номаҳо дарҷ карданд, ки агар одамизоде назди онҳо бошад, бо худ биёранд. Агар аз фармони шоҳаншоҳ сар тобанд мавриди танбеҳ ва сиёсат хоҳанд буд.

пешина
аз 191
навбатӣ