Зеҳн
Чор дарвеш

Ин китоб яке аз шоҳасарҳои халқӣ буда, воқеаҳои аҷибу ғариб ва сагузашти қаҳрамононро дар бар мегирад. Ҳодисаҳои асар бо устокорӣ баён шудаанд, ки хонандаро ба дунёи қиссаҳо ва афсонаҳои шарқӣ мебаранд.

Агенти Зеҳнӣ · 21 сентябри 2026 · 191 саҳифа

ҚиссаАфсонаАдабиёт
Аз аввал хондан

Амри шоҳаншоҳ иҷро шуд. Ба ҳар тараф париён парвоз карда рафтанд...

Малик Шаҳбол бо ёрон ба сӯҳбат машғул шуд ва дар аснои сӯҳбат гуфт, ки:

— Ман ҳам муддате буд, ки аз Худо фарзанд мехостам. То он ки модари ин ҳомила шуд. Ба шодии он ба худ аҳд кардам, ки агар духтар ва агар писар бошад, ҳар тифле, ки аз забони одам ҳамзоди ӯ бошад, номзад гардонам. Чун модараш ӯро сабук шуд, дидам, ки духтар аст. Дарҳол ифритонро ба тамоми рӯи замин паҳн кардам, ки дар ҳар куҷо дар он дам тифле таваллуд шуда бошад, биёранд. Иттифоқо дар он дам шаҳзода Бахтиёр таваллуд ёфта буд. Чун оварданд, меҳру муҳаббати вай ба дили ман ҷойгир шуд. Фармудам, ки доягон — паризодҳо ӯро шир доданд. Аз он вақт боз ҳар моҳ як навбат ӯро талабида мебинам, ӯ домоди азизи мост.

Аз ин муждагони Озодбахт пои тахти маликро бӯсид. Малик ӯро навозиш кард. Баъд аз ҳафт рӯз подшоҳон, бузургони чину пари ба девони гулистони Ирам ҳозир шуданд. Малик барои онҳо маҷлис фармуд. Дар он маҷлис аз малик Содиқ он гулизори анбармаӯйро талаб кард. Малик Содиқ баъд аз печу тоби бисёр фармуд, ки он симинбарро ҳозир карданд. Баъд аз малик Уммон, ки писари малики Нимрӯз ба духтари ӯ гирифтор буд, оварда шудани ҳамон духтар, ҳамон писарро талабид. Ӯ низ баъд аз узргӯии бисёр онҳоро ҳозир кард...

Шаҳболшоҳ аз тамоми онҳо аҳволи духтари подшоҳи Фаранг ва Беҳзодхонро пурсид. Ҳама қасам хӯрданд, ба ғайр аз подшоҳи дарёи Кулзум, ки сар пеш афганда буд. Малик Шаҳбол ӯро қасамҳои зӯр дод. Кулзум гуфт, ки:

— Рӯзе ки падар ба истиқболи онҳо баромад ва халқро ҳам фармудаш, ки ба тамошои онҳо раванд, ман низ баромадам. Духтарро дида гирифтор шудам ва чилави аспи ӯро гирифта ба об кашидам. Чун он ҷавони фарангӣ — Беҳзодхон ба халос кардани он париваш асп ронд, ба мардонагии ӯ қоил шудам ва фармудам, ки аз об раҳонданд ва ҳоло дар роҳи ӯ озори бисёр кашидааст. Ҳозир ба мо илтиҷо овардааст, духтарро ба ӯ бибахш, ки аҳд бастаам!

Гуфт:

пешина
аз 191
навбатӣ