Зеҳн
Чор дарвеш

Ин китоб яке аз шоҳасарҳои халқӣ буда, воқеаҳои аҷибу ғариб ва сагузашти қаҳрамононро дар бар мегирад. Ҳодисаҳои асар бо устокорӣ баён шудаанд, ки хонандаро ба дунёи қиссаҳо ва афсонаҳои шарқӣ мебаранд.

Агенти Зеҳнӣ · 21 сентябри 2026 · 191 саҳифа

ҚиссаАфсонаАдабиёт
Аз аввал хондан

— Амр — амри маликулмулук (шоҳаншоҳ) аст! — ва фармуд, ки онҳоро ҳозир карданд.

Баъд аз ин ҳарчанд духтари подшоҳи Шомро пурсиданд ва кофтуков карданд, наёфтанд. Ҳама қасам мехӯрданд, ки хабар надоранд. Малик пурсид, ки:
— Ҳеҷ кас аз маликҳои ҷинҳо наёмада мондааст.
Гуфтанд:
— Танҳо Мусалсали ҷоду мондааст, ки вай бо илми сеҳр қалъаи мустаҳкаме сохтааст ва дар он ҷо нишастааст. Касеро бо вай дӯстӣ ва алоқа нест.

Малик фармуд, сипоҳи азими ифритон барои ҷангаш рафтанд. Ба илми сеҳр ва ғайра ҷанг намуда, қалъаи ӯро гирифтанд ва Мусалсалро бо хазинаи бисёре ба назди малик оварданд. Азбаски малик ӯро тарсонда, баъд ваъдаву ваид кард, ӯ нишони духтарро дод.

Малик фармуд, ки ҷинҳо ба Басра рафта, маликаи олӣ Бармакро ва подшоҳи мулки Чинро бо духтараш ва подшоҳи мулки Аҷамро ба гулистони Ирам оварданд. Занонро ба ҳарам фиристоданд, мардонро ба маҷлис бурданд. Баъд аз он базми калоне барпо карда, дар соати нек аввало никоҳи шоҳзода Бахтиёрро бо маликаи Зарринпӯш, ки духтари малик Шаҳбол аст, бастанд. Баъд аз он духтари подшоҳи Шомро барои хоҷазодаи яманӣ, духтари подшоҳи Фангро ба писари шоҳи Аҷам, маликаи Басраро ба подшоҳи Форс ва духтареро, ки дар ҳабси малик Содиқ буд, ба подшоҳзодаи Чин, духтари малик Уммонро ба подшоҳзодаи Нимрӯз, духтари шоҳи Чинро ба малик Содиқ ва духтари шоҳи Нимрӯзро ба Беҳзодхон доданд ва чил шабонарӯз дар боғи Ирам ба ишрат нишастанд. Баъд малик Шаҳбол ба ҳар яке хилъат ва неъмат ва ганҷи бисёр дод. Ҷинҳоро фармуд, ки ҳар касеро ба вилояти худ расонанд. Онҳо ба вилоятҳои худ рафта ва ба муроду мақсади худ расиданд...

пешина
аз 191
навбатӣ