Зеҳн
Чор дарвеш

Ин китоб яке аз шоҳасарҳои халқӣ буда, воқеаҳои аҷибу ғариб ва сагузашти қаҳрамононро дар бар мегирад. Ҳодисаҳои асар бо устокорӣ баён шудаанд, ки хонандаро ба дунёи қиссаҳо ва афсонаҳои шарқӣ мебаранд.

Агенти Зеҳнӣ · 21 сентябри 2026 · 191 саҳифа

ҚиссаАфсонаАдабиёт
Аз аввал хондан

Дар бораи китоби «Чор дарвеш» ва аҳамияти он дар бораи он ки хонандагони советӣ ба вай аз кадом нуқтаи назар бояд нигоҳ кунанд, устод С. Айнӣ дар сарсухани худ гуфтаанд. Ба ҳиссаи ман якчанд сухан дар бораи мавқеи ин китоб дар тараққиёти насри тоҷик ва мавқеи он дар адабиёти ҷаҳонӣ гуфта гузаштан мондааст.

Нависанда Ҷалол Икромӣ кори хубе мекунад: вай дар бадали бисёр солҳо хонандагони тоҷикро бо ҷавоҳироти насри бадеии классикии тоҷик шинос мекунад. Қариб зиёда аз бист сол пеш аз ин хонандагон дар шумораи чаҳоруми журнали «Шарқи Сурх» — «Саргузашти Хоҷасагпараст» (Як порча аз қиссаи «Чор дарвеш»)-ро хонда буданд, ки онро Ҷалол Икромӣ ба чоп тайёр карда буд. Дар соли 1951, вай матни пурраи ин китобро бо сарсухан ва таҳрири устод Айнӣ ба чоп тайёр кард, ки онро Нашриёти Давлатии Тоҷикистон худи ҳамон сол аз чоп бароварда, нашр намуд. Ҷалол Икромӣ дар мақолаи худ, ки бо сарлавҳаи «Дар бораи баъзе хусусиятҳои насри тоҷик», дар шумораи 11 «Шарқи Сурх» (соли 1958) чоп намудааст, дуруст қайд мекунад, ки мо мутаассифона ба насри классикии тоҷик нағз аҳамият намедиҳем; ва ҳол он ки бо адабиёти даҳоникии халқӣ дар иртиботи қавӣ буда, аз ҷиҳати услуби соф ва равшан ва забони сода ва ширини худ фарқ мекунад ва дар байни хонандагон шуҳрати бузург дорад. Ниҳоят, Ҷалол Икромӣ дар соли 1959 матни тоҷикии «Ҳазору як шаб»-ро ба чоп тайёр карда баровард.

Ҳеҷ як адабиёти бузург анъанаҳои гузаштаи худро ба таври эҷодӣ наомӯхта ва аз худ накарда, сабзида наметавонад. Ҳарчанд ки дар мо назми классикии тоҷик омӯхта мешавад, санъат ва маҳорати вай ба кор бурда мешавад, вале то ба

пешина
аз 191
навбатӣ