Чор дарвеш

Ин китоб яке аз шоҳасарҳои халқӣ буда, воқеаҳои аҷибу ғариб ва сагузашти қаҳрамононро дар бар мегирад. Ҳодисаҳои асар бо устокорӣ баён шудаанд, ки хонандаро ба дунёи қиссаҳо ва афсонаҳои шарқӣ мебаранд.
Агенти Зеҳнӣ · 21 сентябри 2026 · 191 саҳифа
Имрӯз насри классикӣ манзури дидаҳои аҳлаш нашудааст ва ба он диққат намедиҳанд. Шояд, дар натиҷаи ҳамин аст, ки чунин як ақидаи нодуруст паҳн шудааст, ки гӯё, дар собиқ ҳеҷ жанри насрӣ дар адабиёти тоҷик набусад.
Бояд гуфт, ки ин фикр маҳз хатост!
Дар адабиёти собиқи то ба Революсияи Октябр ду шакли асарҳои насриро қайд кардан мумкин аст: аввалаш осори насрияи муаллифони маълум, ки ба онҳо насри классикии таълифӣ ном додан мумкин аст; дуюминаш осори насрии муаллифони номаълум, ки онҳоро «Китобҳои халқӣ» меномем. Шакли аввалинаш гуногун буда, ба онҳо ҳам вақоеъномаҳои таърихӣ, ки ба таври нимбадеӣ навишта шудаанд, масалан «Равзат-ус-сафо»-и Мирхонд; ҳам асарҳои дидактикӣ, ба монандӣ «Гулистон»-и Саъдӣ, «Анвори Суҳайлӣ»-и Хусайни Воизи Кошифӣ; ҳам саёҳатномаҳои муаллифони маъруфро даровардан мумкин аст 1. Шакли дуюми насри бадеии классикӣ низ дар гуногунӣ ва бойгарӣ аз аввала монандӣ надорад. Дар ин мавриди як китоби дастхатиеро мисол овардан мумкин аст, ки бузургии ин бойгариро нишон медиҳад.
Вақто ки бо китобҳои дастнависи фонди китобхонаи давлатии Сталинобод шиносо мешудем, китоби дастхатеро дидам, ки бо рақами 319 ишора шуда, «Ҷомеъ-ул-ҳикоёт» номида шудааст. Ин китоб ҳаҷман хеле калон буда, 850 саҳифаи зич ва маҳин навишта шуда мебошад. Ин на он китоби маъруфи Муҳаммади Авфӣ аст, ки «Ҷавомеъ-ул-ҳикоёт» ва «Лавомеъ-ур-ривоёт» номида мешавад. Ин «Қомуси афсонаҳо» буд, ки маҳз ба ҳамон «Китобҳои халқӣ» оид буд 2 Дар ин китоб, ба ғайр аз қисса ва ҳикоёти кӯтоҳ ва хурди бисёре, қариб сӣ то повестҳои калон ва пурраи афсонавӣ ҳаст, ки «Бахтиёрнома», «Ҳафт вазир», «Сайфул-мулук», «Ҳафт кишвар», «Нӯҳ манзар», «Норисо туҷҷор ва маликаи Гуландом», «Солеҳи хиштрез ва духтари қозии
1 Дар китоби «Очеркҳо аз таърихи адабиёти тоҷик» (Сталинобод, Нашриёти Давлатии Тоҷикистон, 1956, саҳифаҳои 376 ва пас аз он). Ман обзори насри бадеии тоҷикро додаам.
2 Ин китоб ҳоло дар фонди дастхатҳои Академияи фанҳои РСС Тоҷикистон нигоҳ дошта мешавад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё