Чор дарвеш

Ин китоб яке аз шоҳасарҳои халқӣ буда, воқеаҳои аҷибу ғариб ва сагузашти қаҳрамононро дар бар мегирад. Ҳодисаҳои асар бо устокорӣ баён шудаанд, ки хонандаро ба дунёи қиссаҳо ва афсонаҳои шарқӣ мебаранд.
Агенти Зеҳнӣ · 21 сентябри 2026 · 191 саҳифа
Бағдод» ва дигарҳо ба он медароянд. Ба ғайр аз ин, китобҳои «Ҳафт сайри Ҳотами Той», «Синдбоднома» ва ғайра, ки Ҷалол Икромӣ дар мақолаи дар боло зикрёфта қайд кардааст, низ васеъ паҳн шудаанд. Дар фондҳои китобҳои дастинависи китобхонаҳои давлатии Ленинград ва Тошкент низ намунаҳои бисёри ҳамин тавр «китобҳои халқӣ»-и муаллифонашномаълум мавҷуд аст. Агар ҳамаи ин осори қадимаи насри бадеии классикиро баргашта чоп кунем, даҳҳо, садҳо ҷилдҳои калон-калон мешаванд.
Олими маъруф, марҳум А.А. Семёнов дар сарсухани каталоги дастнависҳои шарқӣ навишта буд: «...Дар қатори адабиёти бадеии насри муаллифони маълум, инчунин адабиёти халқии муаллифони номаълум мавҷуд буд. Бисёрии аз ин асарҳо ҳамаи хусусиятҳои такомули бадеиро доро буда, ба гумон, аз давраҳои хеле қадим, шояд аз асарҳои то ба ислом омада баромадаанд. Дар паҳновардаштҳои Осиёи Миёна ва дар водию нишебиҳои Эрон, дар шабнишиниҳои гуногун ва сӯҳбатҳо ва маҷлисҳо (гап, гаштак, машварат, базм ва ғайра) ҳамеша ин асарҳои муаллифони номаълумро, ки ба шакли повестҳои афсонавии маҳзун, саргузаштҳои романтикии аҷоиб ва ғаройиб ва умуман воқеаҳои гуногуни диққатангез ҳастанд, мехонданд ва бо диққат гӯш мекарданд1.
Агар насри бадеии классикии шакли аввалин, яъне таълифӣ бо забони пур аз игроқ ва пур аз печутоб ва баъзан бо забони хеле мураккаб ва мушкил ва номафҳум навишта шуда бошанд (масалан, «Мақомат»-и Мирхонд, «Анвори Суҳайлӣ», асарҳои насри бадеии классикии шакли дуюм), «Китобҳои халқӣ» одатан бо забони хушобуранг ва зебо, бо забони мафҳум ва равон навишта шудаанд. Ба ғайр аз ин дар онҳо тафсилотҳои бисёри зиндагӣ-маишӣ, воқеаҳои реалистона ва ҳаётӣ тасвир ёфта ифодаҳои зебо ва ибораҳои хушмазмун, ҳаҷв, зарбулмасалҳои хуб ҳастанд, ки бартарии ба назар намоёни онҳо мебошанд. Ин асарҳо сазовори онанд, ки нависандаҳо, пропагандистҳо, журналистҳо дар кори эҷодии худ аз онҳо нағз истифода баранд.
1 Маҷмӯаи дастнависҳои Шарқии Академияи фанҳои Ӯзбекистон, ҷилди II, Тошкент, 1954, саҳифаи 11.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё