Чор дарвеш

Ин китоб яке аз шоҳасарҳои халқӣ буда, воқеаҳои аҷибу ғариб ва сагузашти қаҳрамононро дар бар мегирад. Ҳодисаҳои асар бо устокорӣ баён шудаанд, ки хонандаро ба дунёи қиссаҳо ва афсонаҳои шарқӣ мебаранд.
Агенти Зеҳнӣ · 21 сентябри 2026 · 191 саҳифа
Бешубҳа ҳамаи ин китобҳо, ки як вақтҳо аз тарафи муаллифони номашон номаълум навишта шудаанд, самараи эҷодии худи он муаллифон набуда, балки гуфтори гӯяндагон, ноқилон, қиссагӯёни халқӣ буда, аз авлод ба авлод гузашта ва ниҳоят аз тарафи кадом шахсе ба қалам гирифта шудааст. Аз ин нуқтаи назар ин тавр асарҳоро халқӣ, дурусттараш асарҳои дар байни халқҳои эронӣ – тоҷикон ва форсҳо ба майдон омада гуфтан мумкин аст. Аммо халқҳо аз қадим бо ҳам дар иртибот ва муносибат мебошанд ва бинобар он аз ҳамдигар осори маданият ва ҷавоҳири эҷодиро ба иваз мегиранд. Васеъ паҳн шудани зарбулмасал, мақол, тамсил, латифа ва афсонаҳо ба ҳамин тариқа шудааст. Халқҳои эронӣ хусусан бо халқҳои туркизабон ва халқҳои ҳинд зичтар дар муносибат будаанд. Ин муносибат дар бадали асрҳо давом мекунад. Бинобар он маъхази ин ва ё он афсона мумкин аст, масалан Ҳиндустон бошад, вале ин боис намешавад, ки бигӯем: афсонаи тоҷикӣ иборат аз тарҷимаи афсонаи ҳиндӣ бошад. Не, аз халқе ба халқе асосан дона, реша мубодила мешавад, масалан дар сарзамини тоҷик аз донаи Ҳиндустонӣ халқ – боғбон дар муддати умри як авлод самараи махсуси худашро, ки рангу бӯи алоҳида ва шоху барги ҷудогонаи тоҷикиро дорад, ба вуҷуд меорад. Аксаран ҳамин тавр ҳам мешавад, ки масалан афсонаи ҳиндӣ, ки аз маъхази тоҷикӣ баромадааст, худаш як вақтҳо ба Ҳиндустон аз ин ҷо, аз халқҳои эронӣ бурда шудааст ва баъд, гӯё, боз ба халқҳои эронӣ баргаштааст. Инро чун таъсири дуҷониба, чун доду гирифти як халқ, ба халқи дигар тавҷеҳ кардан дуруст мешавад. Аксаран маъхази афсонаҳои тоҷикӣ на афсонаҳои ҳиндӣ буда, балки афсонаҳои Эрони қадим – ривоёти Авесто ва қиссаҳои суғдиёнӣ будаанд.
Услуб ва устухонбандии «Чор дарвеш» барин асарҳо яке аз услубҳои адабӣ-бадеии хеле аҷоиб ва мароқоваре мебошад, ки онро мо дар баъзе дигар китобҳои халқӣ ва ҳатто дар эпосҳо (масалан, дар «Гӯрӯғлӣ») низ мебинем. Ин услубро дар илми адабиётшиносӣ – «Чаҳорчӯба» (рамка) ё ки «Афсона дар афсона» «Повест дар повест» меноманд.
Дар китоби «Ҳазору як шаб» воқеаи Шаҳрбоз ном подшоҳе, ки аз занҳо ранҷида ва ҳар саҳар ба куштани

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё