Чор дарвеш

Ин китоб яке аз шоҳасарҳои халқӣ буда, воқеаҳои аҷибу ғариб ва сагузашти қаҳрамононро дар бар мегирад. Ҳодисаҳои асар бо устокорӣ баён шудаанд, ки хонандаро ба дунёи қиссаҳо ва афсонаҳои шарқӣ мебаранд.
Агенти Зеҳнӣ · 21 сентябри 2026 · 191 саҳифа
Ҳамхобаи дишабаи худ амр медод ва қисса гуфтани Шаҳрзод ном духтари вазир, ки дар бадали ҳазору як шаб ба шоҳ афсона гуфта, мароқ ва ҳаваси ӯро барангехта ва ба худ ром намуда, дар натиҷа зинда мондааст, «чорчӯба»-и китоб шудааст. Дар ин чорчӯба қисса ва афсонаҳои бисёре дохил шудаанд. «Бахтиёрнома», «Тӯтинома» ва монанди ин асарҳо низ ҳар кадом чорчӯбаи худро доро мебошанд. Инчунин эпоси «Гӯруғлӣ» низ чорчӯбаи худро дорад, ки он дар халқҳои узбек ва тоҷик ва халқҳои дигар як чорчӯбаи умумии худашро дорад. Ба подшоҳи мулки ободи Чамбул (дар озорбойҷониҳо «Ченли Бил») Гӯруғлӣ, ки асри қанотдор — Қратро дорад, чиҳил нафар диловарон — паҳлавонон хизмат мекунанд ва беҳтарини онҳо писархонди ӯ Аваз мебошад. Дар ин чорчӯба достонҳои тамоман гуногун (дар ҳар халқ ҳар хел), дар бораи диловариҳои паҳлавонон, дар бораи корномаҳои худи Гӯруғлӣ ва атрофиёни ӯ (дар тоҷикҳо асосан Авазхон) гузошта шудаанд. Ин услуби «чорчӯба» ва инчунин жанри «повести чорчӯбадор», ки аз он омада баромадааст, шубҳа нест, ки маҳсули эҷодии Шарқзамин аст ва таърихаш ба замонҳои қадим рафта мерасад. Инчунин Папируси маъруфи мисрӣ (Весткари), ки ба асри XVIII қабл аз милод оид аст, яъне қариб 4000 сол пеш аз ин ба ҳамин услуб навишта шудааст. Дар он гуфта мешавад, ки Хеопс ном фиръавн дар вақти хафагӣ ва зиқии худ чор нафар писарони худ — шаҳзодагонро ба надаш ҷеғ мезанад ва ҳар як аз онҳо ба вай ҳикоя гуфта медиҳанд. Афсӯс, ки то ба замони мо тамоми он ҳикояҳо боқӣ намондаанд.
Аз мисолҳои болоӣ мо фақат як хусусияти он услуб: «повести чорчӯбадор»-ро дидем. Вале он услуб боз як хусусияти хеле муҳими дигар дорад. Ин хусусият ҳамин, ки дар ин услуб ҳикоя ва қиссаҳои ҷудогона на фақат дар як чорчӯба, умуман гирифта шудаанд, балки ҳамаи он қиссаҳоро якҷоя, як натиҷаи умумӣ ва як мақсад дарбар мегирад. Масалан, дар баъзе повестҳои чорчӯбадор ғояи асосӣ, ки иборат аз басабр будан, дар ҳалли масъала саросема нашудан, ҳартарафа фикр карда дидан (дар «Бахтиёрнома» мебошад, натиҷаи умумии он шудааст.
Олимон чунин медонанд, ки жанри повести чорчӯбадор

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё