ДАР ОҒӮШИ ХАЗОНРЕЗ

Камол Насрулло яке аз шоирони эътирофшудаи адабиёти муосири мост, ки дар бунёди шеъри навини тоҷик саҳми боризи худро гузоштааст.
Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 218 саҳифа
Чу дар имрӯзу дар фардо нагунҷӣ,
Чу дар поёну дар боло нагунҷӣ.
Фарохотар аз ин дунё дили мост,
Ба дил ҷо шав, чу дар дунё нагунҷӣ.
Дарахте, ки фараҳ бисёр дорад,
Ҳазорон барги нусратбор дорад.
Махӯр ҳаргиз фиребашро, ки шояд,
Ниҳон дар шохаҳояш мор дорад.
Бигӯ, бигзаштагони мо кӣ буданд,
Ки умре саҷда бар оташ намуданд?!
Ту оташро даруни дил нигаҳ дор,
Ки аз оташкада оташ рабуданд.
Чу хоҳӣ дар куҳистон дарнамонем,
Биё аз аспу гову хар намонем.
Агар хоҳӣ, ки дар худ дар намонем,
Биё, эй дӯст, аз бовар намонем.
Ҷароҳатҳои худро барги зуф кун,
1
Наёбӣ барги зуф, бар захм туф кун.
Аз ин «куф»-ҳои бемаънӣ чӣ ҳосил?
Чароғи беҷарақро гиру пуф кун.
Зи ҳар барги фитода хат гирифтам,
Зи ҳар барге хати вуслат гирифтам.
Зи гулбарги нигоҳат баргакеро
Чу рухсатнома, чун рухсат гирифтам.
Нигаҳ кун, он сари саргашта омад,
Ба сад фар рафту бефар гашта омад.
Касе андохт тир аз пушти мардум,
Ҳамон тираш бар ӯ баргашта омад.
Оби даҳони инсон хосияти доругӣ дорад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё