ДАР ОҒӮШИ ХАЗОНРЕЗ

Камол Насрулло яке аз шоирони эътирофшудаи адабиёти муосири мост, ки дар бунёди шеъри навини тоҷик саҳми боризи худро гузоштааст.
Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 218 саҳифа
Азизат рафт, он симу зарат монд,
Фурӯғат рафт, чашмони тарат монд
Ҳама кибру ғурурат аз сарат рафт,
Ҳама дороии ту аз сарат монд.
Зимистон омаду ман бо баҳорам,
Баҳори ман туӣ, эй гулнигорам.
Гули бобунаи барфӣ шукуфта,
Гули ях метаровад аз канорам.
Саҳаргаҳ ин дарахтонро кӣ афшонд?
Чароғи моҳро дар шохаҳо монд?
Ба барги субҳ шабнам айнаки кист?
Ба барги субҳ айнакро кӣ афтонд?
Ҳама ноодамӣ аз одам омад,
Ки гул гул, хор хору нам нам омад,
Ки саг саг, мор мору хирс хирс аст,
Як одам бо ниқоби дарҳам омад!
Гумонам, ки гумони бад туро кушт,
Гумони бад гузашт аз ҳад, туро кушт.
Ба мисли мору каждум бадгумонӣ,
Даромад бар дилат чун дад, туро кушт.
Ситора танга-танга дар кафи шаб,
Маҳи шаб дар кафи шаб чун дафи шаб,
Дарахтон мераванд арғушт бо бод,
Пазад ишқе дар ин тобу тафи шаб.
Сарашро бар сари чархи барин зад,
Ба дасти орзу ангуштарин зад,
Тамоми умр боло рафт, аммо
Ба як он боз омад бар замин зад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё