ДАР ОҒӮШИ ХАЗОНРЕЗ

Камол Насрулло яке аз шоирони эътирофшудаи адабиёти муосири мост, ки дар бунёди шеъри навини тоҷик саҳми боризи худро гузоштааст.
Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 218 саҳифа
Ту ҳасти ёри худ, ё душмани худ,
Ту ҳастӣ хори худ, ё гулшани худ.
Биафрӯзӣ ту ҷонро, ё бисӯзӣ,
Аз ин гулхан, ки дорӣ дар тани худ?
Чӣ суд аз шамъ, агар рӯшан набошад?
Чӣ суд аз ман, агар бо ман набошад?
Ҳам ин гул дораду ҳам он, валекин
Гули гулхан гули гулшан набошад.
Кушод аст ин ҷаҳони нокушода,
Агар бо туст сози боду бода.
Ту бо мошин ҳанӯз он ҷо нарафтӣ,
Ки ман паймудамаш пойи пиёда.
Сари мо беҳтарин сармоя бошад,
Ҳама оётам аз як оя бошад,
Маро аз оқилон ин нақд боқист,
Хамӯшӣ беҳтарин пероя бошад.
Варои моваро аз мо мапурсед,
Равои нораво аз мо мапурсед.
Хамӯшӣ пардаи зебои бикр аст,
Паси ин пардаро аз мо мапурсед.
Паси ҳар парда деве ё ки ҳурест?
Паси ҳар барга море ё ки мӯрест?
Надонам парда чисту пардадар кист,
Бидонам, пешаи оқил сабурист.
Паси ҳар парда розе ҳаст ё не?!
Ба торат савти созе ҳаст ё не?!
Дилатро боз кун, мурғи дилатро
Фари симурғу бозе ҳаст ё не?!

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё