Зеҳн
ДАР ОҒӮШИ ХАЗОНРЕЗ

Камол Насрулло яке аз шоирони эътирофшудаи адабиёти муосири мост, ки дар бунёди шеъри навини тоҷик саҳми боризи худро гузоштааст.

Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 218 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Гирифтӣ об аз чашми тари ман,
Шикастӣ шишаҳои бовари ман,
Дар ин раҳ по намон, к-ин шишапора
Халад бар поят аз пушти дари ман.

Сафедам кун, сафедам кун, сафедор,
Ба ман ҳар субҳ пайғоми сафед ор,
Бубахшам номаи барги сафедат,
Моро бо хеш умре дар сафе дор.

Сафедоре, ки ман оғӯш кардам,
Сафои поки ӯро нӯш кардам,
Ба дил набзи дили ӯро шунидам.
Суханҳои дилашро гӯш кардам.

Сафедоро, ба ман бахти сафед ор,
Ба ҳар барги сафеди худ умед ор,
Бизан ҳар субҳ чак-чак бо кафи барг,
Маро бедор кун, бар ман навид ор.

Нигори дилписанди ман ту ҳастӣ,
Сафедори баланди ман ту ҳастӣ,
Маро бастанд боре дар тани ту,
Кунун дар банд-банди ман ту ҳастӣ.

Сафедӣ бахш бар ман, эй сафедор,
Маро бо дастакони сабзи худ дор,
Бубахшо ларзаҳоятро ба ҷонам,
Маро ларзон, маро ларзон, ба худ ор.

Ҳавои сад фараҳ дорад сафедор,
Сафои рӯи раҳ дорад сафедор,
Худаш аз озарахши барқ сӯзад,
1
Вале моро нигаҳ дорад сафедор.

пешина
аз 218
навбатӣ