ДАР ОҒӮШИ ХАЗОНРЕЗ

Камол Насрулло яке аз шоирони эътирофшудаи адабиёти муосири мост, ки дар бунёди шеъри навини тоҷик саҳми боризи худро гузоштааст.
Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 218 саҳифа
Яъне на шумоед шумо, тарс чу доред,
Як умр ба тан ларза шумо дар таҳи доред.
Ин тарс гуноҳ аст, ки чун мор, чу гург аст,
Як зарра, ки дар пеши шумо кӯҳи бузург аст.
Аз тарс чӣ тарсед, ки мавҷуд надорад,
Дар асл худаш нест, ягон буд надорад.
Дар асл ҳама бофтаи табъи заиф аст,
Бе появу бе мояву бе рангу касиф аст.
Дар умқи шумо ҷо шудаву хӯрд шуморо,
Занҷир заду ҳамчу сагон бурд шуморо.
Тарсу ҳамаи умр гирифтору ғулом аст,
Аз тарс раҳо ёб, ки ин тарс ҳаром аст.
Хук созаду хар созаду саг созадат, эй вой,
Ӯро накушӣ, кушта шавӣ, заҳр ба ком аст.
02.2018.
ДАР ҲАБСИ ДИЛ
Дар ёдбуди духтарам Гулнора
Лаҳзаҳои вопасин дар рӯи бистари марг, вақте ки рӯҳи покаш омодаи парвоз ба олами менӯӣ буд ва ҷисми нозукаш чун парандаи тирхӯрда дигар нерӯ надошт, ӯ вопасин қуввати худро ҷамъ овард, то бо ангуштони бемадораш бори охир маро ба сӯи худ хонад... Аммо фақат Худо медонад, ки ӯ чӣ мехост бигӯяд.
Эй Худо, кош зинда мебудӣ,
Дар қадамҳот бӯса мекиштам,
Дар саропот бӯса мекиштам,
Эй Худо, кош зинда мебудӣ...

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё