ДАР ОҒӮШИ ХАЗОНРЕЗ

Камол Насрулло яке аз шоирони эътирофшудаи адабиёти муосири мост, ки дар бунёди шеъри навини тоҷик саҳми боризи худро гузоштааст.
Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 218 саҳифа
Мерасидам чу бод то мӯят
Бо шамими ҳазору як эҳсон,
Бо насими ҳазору як шодӣ
Бо фараҳрезии ҳазор армон.
Эй Худо, кош зинда мебудӣ,
Эё Худо, кош зинда мебудам,
Ман, ки бе ту дигар надорам ҷон,
Ман, ки бе ту дигар надорам дам.
Дар дами вопасин ба ангуштон
Ҷониби худ ишора кардӣ... Дод!
Лек рафтӣ ту, рафтӣ, ман мондам,
Ҳалқа дар ҳалқи ман занад фарёд.
Аз пасат баста шуд ба рӯям дар,
Ғайб зад, ғайб он дари дидор.
Ман ба ёди ту меравам бар хоб,
Ман ба ёди ту мешавам бедор.
Марги ман! Чун нарафтам аз пуштат?!
Марги ман бод, к-он дами меод
Ту маро хондӣ, ман нафаҳмидам,
Ту маро хондӣ.., марги зеҳнам бод!
Ту паридӣ, бар осмон рафтӣ,
Ман дар ин банди обу гил мондам.
Оҳ рафтиву бебиҳил мондам,
Ҷовидонӣ ба ҳабси дил мондам...
ГАР БА ҲАФТОД РАСАМ...
Гар ба ҳафтод расам, овезам Сари худро ба сари синаи худ.
Сари ман аз сари дори тани ман Хам занад бар қадами ман ба суҷуд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё