Зеҳн
ДАР ОҒӮШИ ХАЗОНРЕЗ

Камол Насрулло яке аз шоирони эътирофшудаи адабиёти муосири мост, ки дар бунёди шеъри навини тоҷик саҳми боризи худро гузоштааст.

Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 218 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Гар ба ҳафтод равам, ишқ, эй ишқ,
Бо ту ман боз ҷавон хоҳам монд.
Дар таҳи чашмаи ҳар вожа зи худ
Ҷӯши дарёи дамон хоҳам монд.

Гар ба ҳафтод равам, сарафроз Ёри гумгашта, туро хоҳам ёфт.
Ишқро ҳамчу нишони олӣ Ба ту бахшида сафо хоҳам ёфт.
8.03.2015.

ВОЖАОБОД
Вожаҳои болафшон мерасанд,
Хушпару хушрангу рақсон мерасанд.
Мурғакони осмони табъи мо
Бо танини муждаи ҷон мерасанд.

Вожаҳоро бо вузӯ дар оби чашм
Аз замират тоза берун мебарор.
Вожаро чун лаъл дар мағзи ҷигар
Рӯшанӣ бахшида аз хун мебарор.

Вожаро чун қанд дар комат бигир,
Комро бо вожа ширинтар бикун.
Вожаҳоро ранг-ранг аз дил барор,
Зиндагиро боз рангинтар бикун.

Зиндагӣ аз нуру нори вожаҳо
Дар шаби торик рӯшан мешавад.
Вожаро чун гул шукуфон созу бин,
Зиндагонӣ боғу гулшан мешавад.

Бо чароғи вожа дил рӯшан бикун,
Бо гули як вожа гул кун дар замир.
Ком ширин кун ба қанди вожае,
Зӯри нерӯву тавон аз вожа гир…
14.02.2014

пешина
аз 218
навбатӣ