ДАР ОҒӮШИ ХАЗОНРЕЗ

Камол Насрулло яке аз шоирони эътирофшудаи адабиёти муосири мост, ки дар бунёди шеъри навини тоҷик саҳми боризи худро гузоштааст.
Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 218 саҳифа
ТИФЛАКИ ХУШГИЛИ МАН
Тифлаки хушдилу хандонаки ман!
Нахли ман, мағзаки ман, донаки ман!
Шаҳди ман, шаккари ман, қанди манӣ!
Асалу себи Самарқанди манӣ!
Эй ҳама файзу фару нури ҳаёт!
Вожаҳо дар лабакат қанду набот!
Савти Додор ба гӯши дили ман!
Нағмаи тор ба гӯши дили ман!
Мерасад аз ту маро бӯи биҳишт,
Меравам сӯи ту чун сӯи биҳишт.
Ҷонибам аз ҳама сӯ хандонӣ,
Ғуссаро аз ҳама рӯ меронӣ.
Гулаки хушгилу раънои манӣ!
Фараҳӣ, дидаи бинои манӣ!
Лаззати оби ману нони манӣ!
Рӯшании дилу имони манӣ!
Ин нигоҳи ту нигаҳбони ман аст,
Хандаат доруву дармони ман аст.
Бе ту ин хона на нуре дорад,
На сурудеву на суре дорад.
Файзи субҳу фараҳи шоми манӣ!
Аз Худованд ту инъоми манӣ!
Бо фараҳ пур шуда олам аз ту,
Мегурезад аламу ғам аз ту.
Ман, ки аз дастаки ту мегирам,
Ҳар нафас аз ту нумӯ мегирам.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё