ДАР ОҒӮШИ ХАЗОНРЕЗ

Камол Насрулло яке аз шоирони эътирофшудаи адабиёти муосири мост, ки дар бунёди шеъри навини тоҷик саҳми боризи худро гузоштааст.
Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 218 саҳифа
Эй ҳама нур, ҳама файзи саҳар!
Ман туро на, ту маро бо худ бар!
ЯК ТАБАССУМ
Як табассум даричаи сеҳр аст,
Як табассум калиди мушкилҳост,
Як табассум даричаи шодист,
Як табассум чароғаки фардост.
Як табассум даричаи меҳр аст,
Як табассум гули баҳори ишқ,
Як табассум туро кунад хушбахт,
Як табассум дари диёри ишқ.
Ханда кун, ханда кун, биё, бишкуф
Дар лабат розҳои ҷонатро,
Бо гули рӯ, шукуфаи ханда
Боз зебо бикун ҷаҳонатро.
Мон, ки меҳри нигоҳи поки ту
Болафшон кунад ҳаворо пок,
Бо нигоҳат шукӯҳи хайр афшон,
Ханда кун, ханда мекунад афлок.
Як муҳаббат нигаҳ ба оби пок
Поктар мекунад дилу ҷонро,
Як сафо нийяту нигоҳи хайр
Файзи некӣ бубахшад инсонро.
Оҳ, бархез чун тулӯъи ишқ,
Ман намегӯямат, ки пинҳон шав.
Зиндагонист як нафас, як дам.
Барқ зан, барқ зан, дурахшон шав!
30.12.2011
ОН ЛАҲЗА, КИ МЕШАВАМ МАН ОЗОД
Он лаҳза, ки мешавам ман озод
Аз панҷараҳои устухонам,
Дар боли ҳавои меҳри модар
Худро ба мазори ӯ расонам.
Пурсам ҳама авфу узр хоҳам,
З-он ғусса, ки ҳамраҳаш намурдам.
Танҳо чу ба роҳи охирин рафт,
Дасташ нагирифтаму набурдам.
Монам бари ӯ, ҳамеша монам,
Зинҳор дигар насозамаш тарк.
Аз ӯ нашавам ҷудо дигар бор,
Ҳатто, ки дубора гар расад марг...
Январ, 2016.
ҚИССАИ ЗАНИ ҒАРИБ
Эҳдо ба Абдулҳамиди Самад
Дар замҳарири сард, дар он як шаби муҳиб,
Дарро бикӯфт як зани афтодаву ғариб.
Ларзон дилаш, шикаставу озурда хотираш,
Сад гуна бори ғуссаву ғам бурда хотираш.
Дарро бикӯфт: – ҷо бидиҳедам, ки хастаам,
Ҳастам ғариби шаҳри шумо, дилшикастаам…
Чандин даре, ки кӯфт, яке ҳам нагашт боз,
Аз дар ба дар азияту озори ҷонгудоз.
Ӯро Худо ба як дари дигар расонд шаб,
Дар боз шуд.., чӣ бахт! Дар он хона монд шаб.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё