ДАР ОҒӮШИ ХАЗОНРЕЗ

Камол Насрулло яке аз шоирони эътирофшудаи адабиёти муосири мост, ки дар бунёди шеъри навини тоҷик саҳми боризи худро гузоштааст.
Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 218 саҳифа
Марде, ки раҳм кард, варо дод шаб наҷот,
Оре, наҷот дод, бидодаш зи нав ҳаёт.
Зеро яқин, ки дар шаби сармои замҳарир,
Мебаст ях тамоми танаш, ҷонш дар замир.
Ин зан, ки дар суроғи ҷигарбанди хеш буд,
Аз шаҳри дигар омада буд, ҷонш реш буд.
Онҳо, ки радди ӯ бинамуданд, рад шуданд,
Пеши Худову пеши ҳама банда бад шуданд.
Зеро Худо варо паси дарҳо расонда буд,
Зеро Худой буд, ки бад-ин шаҳр хонда буд.
Марде, ки бар ғариб дар кушод, худ надид,
Бар хонааш чӣ гуна фурӯғи Худо расид.
Он зан саҳар бирафт, вале раҳмати Худо
Дар хона монд, монд зи некӣ ба дил сафо.
15.02.2012
МАКРИ ШАЙТОН
Баъди чандид аср шайтони лаин
Хешро дар сурати зеботарин андохт,
Сирати худро ба ҷисми одамин андохт,
Он чуноне, ки нафаҳмиданд одамҳо
Издивоҷашро раво диданд.
Аз никоҳи одаму шайтон на инсон
Балки одамзода шайтоне таваллуд шуд...
Хуни поки одами бо хуни ӯ омехт.
Чораҳои одамӣ зин баъд бе суд аст,
Чун ки хунаш пас аз ин
Макролуд аст, кинаолуд аст, шубҳаолуд аст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё