ДАР ОҒӮШИ ХАЗОНРЕЗ

Камол Насрулло яке аз шоирони эътирофшудаи адабиёти муосири мост, ки дар бунёди шеъри навини тоҷик саҳми боризи худро гузоштааст.
Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 218 саҳифа
Баъд аз ин шайтон ба шакли одамӣ
Дар тамоми даҳр пайдо шуд,
Соҳиби курсиву мансаб гашт,
Дар сари фатвои дунё шуд.
Баъд аз ин оё чӣ бояд кард?!
Дард, дардо дард, дардо дард!
Баъд аз ин оё чӣ бояд кард ?!
Эй Худо, моро ту аз нав бозсоз,
Ё ки шайтонро зи ҷисми мо бурун андоз...
11.11.2015
ГӮРКАН
Гарчи умре гӯркан меканд гӯр,
Худ вале аз фикри мурдан буд дур.
Фикри мурдан ҳеҷ дар ёдаш набуд,
Чунки баҳри дигарон меканд гӯр.
Лек рӯзе гӯркан бемор шуд,
Пурғаму афтода гашту хор шуд,
Оқибат бо ранҷҳо афтоду мурд,
Баҳри ӯ ҳам гӯркан даркор шуд.
23.06.2015
МАҲРУМ АЗ БИҲИШТ
Одаме, ки ҷангалашро дар куҳистон сӯхт, сӯхт,
Одаме, ки чашмаҳоро дар куҳистон қоқ кард,
Одаме, ки тир бар оҳу заду оҳе нагуфт,
Ҷуфти гурги вопасинро ҳам бикушту тоқ кард.
Одаме, ки кӯҳҳоро бесаробон карду рафт,
Одаме, ки лолазоронро биёбон карду рафт,
Одаме, ки ронда шуд аз он биҳишт, акнун, дареғ,
Ин биҳишти нақдро бар хок яксон карду рафт.
23.02.2011

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё