Зеҳн
ДАР ОҒӮШИ ХАЗОНРЕЗ

Камол Насрулло яке аз шоирони эътирофшудаи адабиёти муосири мост, ки дар бунёди шеъри навини тоҷик саҳми боризи худро гузоштааст.

Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 218 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

АШКИ ОСМОН

На, борон нест, ашки осмон аст, Падар гирён ба ҳоли кӯдакон аст.
На бод аст ин, ки менолад, Ҳақиқат Паси дар нулаи гурги замон аст.
Куҷо сел аст, подоши ману ту Зи ҷангалҳои бубрида равон аст.
Куҷо қаҳтист, наҳси носипосӣ Зи ношукрист, қаҳри осмон аст…
18.08.2011

РАҚС ЧИСТ?
Рақс он бошад, ки нури гулхани ҷонсӯз
Дар фаросӯи шабони тор мерақсад.

Рақс он бошад, ки дарди ҷоннисорӣ, дарди озодӣ дар тани марде ба сад изҳор мерақсад.

Ин куҷо рақс аст?
Рақс он бошад, ки оҳан дар баёзи оташи бедор мерақсад.

Рақс он бошад, ки армон чун фаришта
Дар суруди аллаҳои модарони зор мерақсад.

Рақс он дардест, к-андар пайкари марди куҳистон Худ фурӯзон мешавад, дар шӯълаҳои ор мерақсад.

Рақс он андӯҳи печон аст, к-аз худ дастафшон мебарояд, Дар вуҷуди як куҳистонӣ Мераҳад аз нангу аз озор, мерақсад.

пешина
аз 218
навбатӣ