ДАР ОҒӮШИ ХАЗОНРЕЗ

Камол Насрулло яке аз шоирони эътирофшудаи адабиёти муосири мост, ки дар бунёди шеъри навини тоҷик саҳми боризи худро гузоштааст.
Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 218 саҳифа
Ин куҷо рақс аст?
Рақс он бошад, ки Ҳаллоҷаш ба банди дор мерақсад.
Январ, с. 2012.
ҲУШДОРЕ БА МАРГИ ДАҲШАТБОРИ
ФАРХУНДАИ БЕГУНОҲ
Ҷаҳолат кушт фарро, хандаро кушт,
Фараҳро кушт, чун Фархундаро кушт.
Ҷаҳолат бераҳу бе раҳму кӯр аст,
Зи шафқат дур, аз инсоф дур аст.
Ҷаҳолат фитна дорад, кина дорад,
Ҷаҳолат даҳшате дар сина дорад,
Ҷаҳолат душмани файзи диёр аст,
Ҷаҳолат заҳрогинтар зи мор аст.
Чу ақраб мебихезад аз вуҷудат,
Танад тори аҷал аз тору пудат.
Ҷаҳолат аждаҳое аз дарун аст,
Замини зиндагӣ аз он забун аст.
Ҷаҳолат ишқро созад лагадкӯб,
Ба дӯши бегуноҳе мезанад чӯб.
Набинад лобаҳои зори ӯро,
Лагад кӯбад тани абгори ӯро.
Ба дӯшаш санг андозад пайи санг,
Канад мӯи варо бо чанг бенанг...
Аз ин бешафқатӣ, ин зулму бедод,
Халосӣ ин бишуд, к-ӯ ҷон ба Ҳақ дод.
Ҷаҳолат кушт фарро, хандаро кушт,
Фараҳро кушт, чун Фархундаро кушт.
Дар он мулке ки ҷаҳл асту ҷаҳолат,
Макун уммеди некиву адолат.
НИГАҲАМРО ШӮЯМ
Нигаҳамро шӯям
Дар зулолии сафои як рӯд,
Бизанам об ба рӯи ҳаваси хоболуд.
Вожаҳои дили худро дар об Аз ғубори ғами раҳ тоза кунам.
То ки шаффофтар аз об паёмат орам, То ки покиза саломат орам.
17.12.2009 СУРУДИ АЛЛА
Аллаё, аллаё, азизи ман!
Шаккару қанди ман, мавизи ман!
Тифлаки ман, умеду армонам!
Чеҳраи меҳр, рӯйи армонам!
Аллаё, алла, қуввати ҷонам!
Ханда кун, аз лабат шакар резад!
Аз нигоҳат фари саҳар резад!
Нури ман, файзи ман, сафои ман!
Бахти ман чеҳраи бақои ман!
Аллаё, алла, дилрабои ман!
Эй давоми ман, эй нишони ман!
Эй замини ман, осмони ман!
Эй маҳи равшани шабони ман!
Тифлакам, ҷони ҷони ҷони ман!
Аллаё, алла, хушзабони ман!

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё