Зеҳн
ДАР ОҒӮШИ ХАЗОНРЕЗ

Камол Насрулло яке аз шоирони эътирофшудаи адабиёти муосири мост, ки дар бунёди шеъри навини тоҷик саҳми боризи худро гузоштааст.

Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 218 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Ханда кун, ханда, хонаро пур кун!
Ханда кун, остонаро пур кун!
Аллаё, аллаё, бароҳат хоб!
Бин ба хобат ситораву маҳтоб!
Аллаё, алла, гавҳари ноёб!

Нури чашму наҷоти модар бош!
Рӯшании ҳаёти модар бош!
Рӯзи фардо қаноти модар бош!
Аллаё, аллаё, сафо овар!
Файзи қудсӣ, фари Худо овар!

РАҚСИ КӮҲИСТОНӢ

Дар куҳистон мардуми мо хуб мерақсанд,
Рӯи хандону дили гирён,
Хуб мечарханду мерақсанд,
Мерақсанду мечарханд…
То бичархонанд бо худ ин замин,
ин чархи миноро,
Ин саморо…

Рақси куҳистонӣ рақси зиндагии ӯст,
Рақси тамкин, рақси сабру ҳикмату нанг аст,
Рақси қисмат, толеи ҳамсони санг аст.

Дастҳошон сӯи боло
Мекашанд аз домани чархи фалак,
Мекашанд аз домани хуршед,
Мекашанд аз домани поки Худо –
Аз домани уммед,
Парма карда осмонро бо ҳар ангушт,
Роҳ меҷӯянд то хуршед …

… Рақси гардан, рақси абрӯ, рақси чашм,
Рақси ранги лоҷуварду лаълу яшм.

пешина
аз 218
навбатӣ