ДАР ОҒӮШИ ХАЗОНРЕЗ

Камол Насрулло яке аз шоирони эътирофшудаи адабиёти муосири мост, ки дар бунёди шеъри навини тоҷик саҳми боризи худро гузоштааст.
Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 218 саҳифа
Рақси шодӣ, рақси ҳиҷрон, рақси дард,
Рақси оҳувона, рақси оҳи сард…
Дар ниҳоди ӯ бирақсад чор фасли зидагӣ,
Дар вуҷуди ӯ бирақсад чор асли зиндагӣ.
Рақси печони насим,
Рақси тамкини замин,
Рақси печутоби оташ,
Рақси мавҷи об…
Рақси тоҷикӣ ниёиш аз замину осмон аст,
Рақси арзи ормон аст.
Нест рақси ҷисми ӯ,
Арғушти ҷон аст…
ШЕЪР–МАСАЛҲО
Мазмун аз ривоят ва масалҳои қадимаи халқ
ЗӮР КИСТ?
Пашша бар шер омаду гуфт:-ин қадар
Ғарраи ҷисми бузурги худ мабош,
Аз ту ман зӯрам, ту чизе нестӣ,
Инак ин майдону ман, омода бош!
Пашша аз ҳар сӯ бар ӯ дармефитод,
Мегазид аз гардану аз рӯйи ӯ,
Шер худро оқибат хуншор кард,
Канда бо чангол худро рӯву мӯ.
Шер шуд мағлуб, ғолиб пашша гашт,
Уфтод аммо ба доми тортан.
Гуфт: – мағлубам зи як ноҷинсаке,
Гарчи шуд шери жаён мағлуби ман.
МУРҒ ВА ТУХМИ МОР
Аз қазо мурғе ба рӯйи тухми мор
Шишт, то з-он чӯҷае орад ба бор.
Як парасту диду гуфт: – эй содалавҳ,
Хез аз ин тухму бош андар канор.
Мебарорӣ ту варо, чун шуд калон,
Аввал аз ту мебарорад ӯ димор.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё