Зеҳн
ДАР ОҒӮШИ ХАЗОНРЕЗ

Камол Насрулло яке аз шоирони эътирофшудаи адабиёти муосири мост, ки дар бунёди шеъри навини тоҷик саҳми боризи худро гузоштааст.

Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 218 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

ЗАЙТУН ВА ҚАМИШ

Кард зайтун бо қамиш даъво зиёд:
Кӣ тавонотар бувад аз ҳардумон?

Ханда зад зайтун варо, к-аз як насим
Ҳар замон хам мезанӣ мисли камон.

Ногаҳон борони сахт омад, қамиш
Хам заду ларзид, аммо монд амон.

Рост шуд зайтун алайҳи боди тунд,
Лек бишкаст аз ҳуҷумаш ногаҳон

КАФТОРҲО

Ин қадар шуманд ин кафторҳо,
Муфтхорон, муттаҳам, беорҳо.

Ҷамъи беҳад бар яке дармефитанд
Ноҷавонмардона ин ғаддорҳо.

Луқмаҳоро мекашанду бебаранд
Аз кафи афтодаву беморҳо.

Ҷойи он омад, ки бигрезад паланг
Аз фасоду фисқи ин маккорҳо

Гоҳе сайди шерро ҳам бурдаанд,
Карда маҳрум аз сари ифторҳо.

Макри рӯбаҳ, хашми хирсу ҷаҳли пил
Ҳеҷ бошад пеши ин бадкорҳо.
Шуғлашон овори дунё ҳасту бас
Аз пайи худ монда бас оворҳо.

Касбашон дар ҷодаҳо ғоратгарист,
Ин хабисон – зодагони ғорҳо.

Эй табиат, ҷояшон чун додаӣ
Дар кӯҳу дар дашту ҷангалсорҳо.

Нӯлаҳошон ҳамшабеҳи қаҳ-қаҳ аст,
Ханда гирянду диҳанд озорҳо.

Табъ нохуш мешавад аз афташон,
Қаҳт меоранд ин қаҳҳорҳо.

Куфр ҷавлон мезанад дар чашмашон,
Кӯри имонанд ин куффорҳо.

Ин ҳабисон лошахӯрҳои лаин
Мурдахорони дари бозорҳо.

Ин қадар нопоку ифлосанду лек
Хунамоӣ мекунанд аз торҳо.

Сагнамову шерҷавлонанд, лек,
Дар дарун доранд кини морҳо.

Кам шуда шеру палангу хирс, лек
Мешавад афзун сафи кафторҳо.

Тарсам охир соҳиби олам шаванд Чунки бисёранд ин бадкорҳо...
4.12.2017

пешина
аз 218
навбатӣ