Зеҳн
ДАР ОҒӮШИ ХАЗОНРЕЗ

Камол Насрулло яке аз шоирони эътирофшудаи адабиёти муосири мост, ки дар бунёди шеъри навини тоҷик саҳми боризи худро гузоштааст.

Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 218 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

ЁДҲОИ ГАРМИ ЁРОН

БА ХОТИРАИ ФОТЕҲ НИЁЗӢ

Ба сидқу ғайрату бо дилнавозӣ
Дар олам зист Фотеҳи Ниёзӣ.
Зи дунё розӣ он марди накӯ рафт,
Ки дунёро зи худ ӯ кард розӣ.

БА ХОТИРАИ ҲОҶӢ СОДИҚ

Ҳоҷӣ Содиқ бо садоқат зинда буд,
Бо сафо, бо сабру тоқат зинда буд.

Ними танро дод дар ҳифзи Ватан,
Хушзамире буд бо захми бадан.

Рӯи хандон дошту нури сурур,
Баъди ӯ ёдаш фишонад боз нур.

Гарм бошад ёди ӯ мисли алов,
1
Монда аз ӯ ҳикмати оши палов.
24.10.2013.

1 Боре дар мулоқоте, ки банда ҳам ҳузур доштам, хонандае аз Ҳоҷӣ Содиқ пурсид: Устоди мӯҳтарам, Шумо аз ҷанг бо чигас, бе як по, захмҳои зиёд дар ҷисм, бо оҳанпораҳо дар бадан бозгаштед. Чӣ гуна тавонистед, ин ҳама солҳо дар вазифаҳои масъул кор кунеду асарҳои зиёди хонданӣ эҷод кунед? Кадом доруҳо ба Шумо кӯмак карданд?
Ҳоҷӣ Содиқ табъи зариф доштанд ва ҳаҷвнигори хуб низ буданд, аммо бидуни ҳазл, бо ҳамон кушодачеҳрагии хоси худ ҷиддӣ ҷавоб доданд: доруи ман оши палов аст. Ва воқеан устод Ҳоҷӣ Содиқ қариб ҳар рӯз бо дӯстони худ оши ҳарифона ташкил иекарданд ва бо ин на фақат ғизо мехӯрданд, балки табъашонро низ болида медоштанд.

пешина
аз 218
навбатӣ