Зеҳн
ДАР ОҒӮШИ ХАЗОНРЕЗ

Камол Насрулло яке аз шоирони эътирофшудаи адабиёти муосири мост, ки дар бунёди шеъри навини тоҷик саҳми боризи худро гузоштааст.

Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 218 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

ОИНАИ ОБШОРИ ПОКӢ
Дар сӯгвории устод Мӯъмин Қаноат

Файзи сухан аз замини мо рафт,
Сарводаи ростини мо рафт.

Нури назари баландбинаш,
Чун ҷоиза аз ҷабини мо рафт.

Чун буд қаноти мо Қаноат,
Болу пари озарини мо рафт.

Дар маснади шеър шоҳи мо буд?
З-ангуштари мо нигини мо рафт.

Бо кӣ бубарам амонатамро,
Имрӯз, ки ин амини мо рафт.

Ӯ бурд хазинаи суханро,
Чун махзани вопасини мо рафт.

“Шаҳнома”- саро зи баъди ӯ кист?
Устураи охирини мо рафт.

Дардо, ки сутуни бовари мо,
Нерӯи дили яқини мо рафт.

Озоданиҳоду покбунёд
Некисмату некбини мо рафт.

Бас номаи нонавиштаро бурд,
Армони дили ҳазини мо рафт.

Оинаи обшори покӣ
Покизагуҳартарини мо рафт.
Зебандаи минбари сухан буд,
Он шоири нозанини мо, рафт.

Шоҳинпари шеъри мо, дареғо!
Пири сухани навини мо рафт.

Бо рақси самоъи лоязолӣ Бар чархи барин барини мо рафт.
20.05.2018.
ЁДИ МАСТОН

Дурахшон шуд ба ёдам ёди Мастон,
Муборак, дӯстон, милоди Мастон!

Хушо некиву раҳму шафқату ҳилм,
Ки буданд ин ҳама ҳамзоди Мастон.

Ҳама сатраш ишорат сӯйи хубист,
Ба шодӣ раҳнамо иршоди Мастон.

Ҳама кони ғазал, байту тарона,
Муҳаббат тӯшаи раҳ, зоди Мастон.

Тамоми сарваташ сарводаи ишқ,
Чароғи ҷодаҳо эҷоди Мастон.

Ҳамин деҳа, ҳамин пирон, ҳамин халқ
Ҳама буданд, худ устоди Мастон.

Зи мавҷи рӯди Рӯз ояд ба гӯшам,
Суруди ҷону дил, фарёди Мастон.

Дилаш месӯхт умре дар раҳи Ҳақ,
Фурӯзон ҷони пур аз доди Мастон.

Ба дӯшаш панҷ ахтар-панҷ хоҳар
Ҳамин буд олами ободи Мастон.

На подоше, на инъоме талаб кард
Сари боло, дили Фарҳоди Мастон.

пешина
аз 218
навбатӣ