ДАР ОҒӮШИ ХАЗОНРЕЗ

Камол Насрулло яке аз шоирони эътирофшудаи адабиёти муосири мост, ки дар бунёди шеъри навини тоҷик саҳми боризи худро гузоштааст.
Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 218 саҳифа
Ба он покиву родиву накӯӣ
Ғуборе ҳам надорад ёди Мастон.
Ҳама тан кифтханде осмонгир
Садои дарду ранҷу доди Мастон.
Дареғи ман, ки будам дасткӯтаҳ
Дар он айём дар имдоди Мастон.
Ҳисори қалъаи Зери Ҳисор аст,
Дили меҳанпарасту роди Мастон.
20.05.2015
ОЙИНАИ ВОЖАГОН
Дар ёдбуди Носирҷон Маъсумӣ
устоди донишгоҳиям
Дарси адабу забон ба мо дод,
Дар рӯи ҷаҳон ҷаҳон ба мо дод.
Дар кишвари фазлу гулшани меҳр
Як олами бекарон ба мо дод.
То чеҳраи ишқро шиносем,
Ойинаи вожагон ба мо дод.
Ҳар вожа чу қанди коғазипеч
Буд, ӯ бикушоду он ба мо дод.
Худ буд замини бурдборӣ,
То нусрати осмон ба мо дод.
Чун тухми сухан ба ҷони мо кишт,
Андешаи гулфишон ба мо дод.
Афрӯхта шуд ҳилоли табъаш
Бадри ҳунар армуғон ба мо дод.
Ҳар вожа чӣ рангу сурате дошт,
Ойина шуду нишон ба мо дод.
Ӯ чеҳраи фазлу одамиро
Дар хеш нишон аён ба мо дод.
Ҳаққо, ки сухан агар ки ҷон аст,
Ӯ буд, дубора ҷон ба мо дод.
БА ШАРАФИ 90-СОЛАГИИ
ХОЛМУРОДИ ШАРИФ
Ин накӯву шариф марди сухан
Зодаи нанги меҳани хеш аст.
Мутакко дошт дар тан аз виҷдон,
Ӯ худаш ҷавшани тани хеш аст.
Нур меборад аз дилу рӯяш,
Чунки ӯ табъи рӯшани хеш аст.
Табъҳо мешукуфад аз табъаш,
Баски ӯ боғу гулшани хеш аст.
Ӯ қавӣ буд дар садоқати халқ,
Чун қавӣ дар тани мани хеш аст.
Ин мани ӯ, ки мои мо гашта,
Эътирофи чу оҳани хеш аст.
Офарину хуҷаста бод он мард,
К-ӯ шукӯҳе ба домани хеш аст.
Сарбаланд аст ӯ тамоми умр,
Донаи ӯ зи хирмани хеш аст.
Хонаи ҷони ӯ бувад равшан,
Нури имони равшани хеш аст.
ШАЪШАЪАИ ШОДӢ
Ба ёдбуди Ашӯр Сафар
Марде, ки ҳама шаъшаъаи шодӣ буд,
Афрохта бо қомати шамшодӣ буд.
Ҳар ҷо ки ҳамерафт фару файзе дошт,
Пешоқадамаш шукӯҳу ободӣ буд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё