ДАР ОҒӮШИ ХАЗОНРЕЗ

Камол Насрулло яке аз шоирони эътирофшудаи адабиёти муосири мост, ки дар бунёди шеъри навини тоҷик саҳми боризи худро гузоштааст.
Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 218 саҳифа
Ёде, ки ҳамеша пок мисли саҳар аст,
Хандону хуҷастарӯву волоназар аст,
Ҳар вожаи ӯ ба лаб чу қанду шакар аст,
Ин ёди накӯ – ёди Ашӯри Сафар аст.
12.06.2018
БОЗГАШТ БА ВАТАН
Ба ёдбуди Бозор Собир
Сарҳади бесарҳади фарҳанги моро,
Марзҳои ори моро, нанги моро,
Бораҳои шаъни мо аз санги моро,
Ӯ дақиқан дар сухан бунёд кард;
Шеъри моро аз асоратҳои такрор,
аз гирифтории гуфтор
Оқибат озод кард;
Ҳайкали подори симои бузургони Ватан,
Ҳайкали Фирдвсиву Синову Айнӣ,
шаҳкитоби»Тоҷикон»-ро
Ӯ ба сабки мондагори хештан эҷод кард.
Дар ҳаду сарҳадшиносии сухан
Марзҳои гулшани садранги моро ӯ кашид,
Дар ҳаду сарҳадшиносии Ватан
Марзҳои нанги моро ӯ кашид.
Дар самои шеъри тоҷикӣ
Ӯ насими тозае овард, моро шод кард,
Дар ҳаду сарҳадшиносии ҳунар
Боғу гулшанҳои нав обод кард.
Ҳамчу як хайёти моҳир,
Бар қади шеъри мусир
Ҷомае зарбафту зебо дӯхт ӯ,
То кунад равшан дилу симои моро,
Гулхане дар пайкари сӯзони худ афрӯхт ӯ.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё