ДАР ОҒӮШИ ХАЗОНРЕЗ

Камол Насрулло яке аз шоирони эътирофшудаи адабиёти муосири мост, ки дар бунёди шеъри навини тоҷик саҳми боризи худро гузоштааст.
Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 218 саҳифа
Гар дили бедораш акнун аз задан монд,
Бо забони шаҳд афшон дар сухан монд.
Шеъри ӯ дар сад забон дорад забона,
Шеъри ӯ чун сарвати миллат
Бо Ватан монд.
Аз Ватан ҳачанд дур ӯ рафта буд Боз худро синамолон бар сари ҳар як ваҷаб хоки диёраш Бар Ватан овард, Порахокеро, ки бо худ дар ниҳодаш бурда буд, Боз бо худ бар тани поки Ватан овард.
Яъне фарзанди барӯманди диёр
Монд бар савганди деринаш вафодор,
Кам накард ӯ заррае хоки Ватанро,
Бо ҳамон сидқу муҳаббат, бо ҳамон шаъну ҳамон ор..
Ҳеҷ гаҳ осон набуду нест осон Дур аз хоки Ватан ҷон додани инсон, Лек омад бар Ватан ӯ баъди маргаш боз, То Ватан бар ҷисми ӯ аз нав шавад ҷон.
1.05.2018.
ДАРЕҒ
Ба ёдбуди Ширин Бунёд
Кушт моро ин ғами сангин дареғ,
Талхии ҳиҷронат, эй ширин, дареғ!
Бо уқобони Бадахшон паркушо,
Будаӣ ҳамбол бо шоҳин, дареғ!
Нармдил дар ин диёри сангҳо
Зистӣ бо фахру бо таҳсин, дареғ!
Дар дилат лаъли бадахшон доштӣ,
Дар саропо сурати тамкин, даоеғ!

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё