ДАР ОҒӮШИ ХАЗОНРЕЗ

Камол Насрулло яке аз шоирони эътирофшудаи адабиёти муосири мост, ки дар бунёди шеъри навини тоҷик саҳми боризи худро гузоштааст.
Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 218 саҳифа
Дар диёри озарини орзу
Зистӣ бо табъи хушозин, дареғ!
Ҳамнавои обшорони баланд,
Ҳамсафои халқи некоин, дареғ!
Кист аз баъди с ари ту, эй азиз,
Ҳамнишин бо Моҳу бо Парвин, дареғ!
Дер кардам ман ба дидори ту, дер,
Во дареғ, эй дӯсти дерин, дареғ!..
ЁДИ ҲАБИБУЛЛО
Як ҷони башӯру дидаи шайдо дошт,
Як дил ба суроғи ҷумлаи дилҳо дошт.
Дар сина ғубори кинаро роҳ надод,
Ҳарфе, ки ба дил буд, ба лаб пайдо дошт.
Дар зоҳиру дар ботини худ якрӯ буд,
Чун гул ҳама рози рангу бӯ ифшо дошт.
Ҳар гаҳ ки ба шӯр алайҳи ноҳақ мехест,
Бар ҷои силоҳ соғари мино дошт.
Умре ба раҳи пасту баланди дунё
Пастӣ написандиду сари боло дошт.
Осемасар омаду саросема гузашт.
Як зиндагии кӯтаҳи барқосо дошт.
Ҳарчанд, ки пур нагашт ҷоми умраш,
Лабрез дилеву ҷоми пурсаҳбо дошт.
Дар назми муосир чу табассум шуд нақш
Он ханда, ки дар чеҳра Ҳабибулло дошт.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё