Зеҳн
ДАР ОҒӮШИ ХАЗОНРЕЗ

Камол Насрулло яке аз шоирони эътирофшудаи адабиёти муосири мост, ки дар бунёди шеъри навини тоҷик саҳми боризи худро гузоштааст.

Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 218 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

ДАР СӮГВОРИИ
ИСОМИДДИН САЛОҲИДДИН

Эй орзуи озарин,
Эй нури фитрат дар ҷабин,
Бо файзу фар дар остин
Рафтӣ ту аз рӯи замин.
Ганҷури ҳикмат доштӣ,
Нури фазилат доштӣ,
Сар бар сипеҳр афроштӣ,
Дар лаб паёми хуштарин.
Эй ту фурӯғи азми мо,
Эй пешгоми разми мо,
Будӣ чароғи базми мо,
Озода аз ҳар озу кин.
Бо нангу ори Рӯдакӣ,
Бо ифтихори Рӯдакӣ,
Фахри диёри Рӯдакӣ,
Шеъри варо кардӣ ту дин.
Эй аз таасубҳо раҳо,
Эй дар бари рӯят сафо,
Ин нурро бурдӣ куҷо?
Сад дард аз даҳри ғамин!
Эй соҳиби хоки Ватан,
Рафтӣ чу бебоки Ватан,
Бар синаи чоки Ватан,
Пӯёи роҳи ростин.
Падруд, эй марди матин.
З-ангуштари мо чун нигин
Рафтӣ ба роҳи охирин,
Рафтӣ ба оҳи оҳарин.
Ин ногаҳон рафтан чӣ буд?
Ин дарду ин шеван чӣ буд?
Рафтӣ пайи дилбанди худ
Бе хайрбоди вопасин...
СУЛТОНИ МУРОДИ МО КУҶО РАФТ?

Султони муроди мо куҷо рафт?
Субҳи дили шоди мо куҷо рафт?
Обод намуда зиндагиро
Нодидамуроди мо куҷо рафт?
Аз ҳосили худ чӣ бурд баҳра?
Он дасткушоди мо куҷо рафт?
1
Чимтарға шуниду ашкҳо рехт,
Покизаниҳоди мо куҷо рафт?
Дар Кӯли Калон муҳаббаташ монд,
Доди дилу доди мо куҷо рафт?
Бо хайру сахо гузашт умраш,
Ҷабро, ки ҷаводи мо куҷо рафт?
Сар доду надод ҳиммат аз даст,
Сад дод, садоди мо куҷо рафт?
Бо лутфу сахо гузашт аз худ,
Зеро ба зиёрати Худо рафт!

БА ХОТИРАИ ДӮСТАМ
РАҶАБ АЗИЗӢ

Ваҳ чӣ орому бесадо рафтӣ!
Дӯстам, дӯстам, чаро рафтӣ?
Ноаён, бехабар, ба сад армон
Рафтӣ, аммо чи нораво рафтӣ.
Мо, ки як умр ҳамсафат будем,
Бе Камолу Зиё чаро рафтӣ?
Эй Азизӣ, азизи мо будӣ,
Ҳамчу фар аз фарози мо рафтӣ.
Чӣ хато рафта буд зи мо, ки чунин
Ногаҳонӣ зи мо хато рафтӣ?
Ҳамчу оҳанги тор-тори қалб,
Аз бари мо ту чун наво рафтӣ.
Зарфишон бе ту зораҳо дорад,

Чимтарға – номи мавзи кӯҳӣ дар Кӯли Калон.

пешина
аз 218
навбатӣ