Зеҳн
ДАР ОҒӮШИ ХАЗОНРЕЗ

Камол Насрулло яке аз шоирони эътирофшудаи адабиёти муосири мост, ки дар бунёди шеъри навини тоҷик саҳми боризи худро гузоштааст.

Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 218 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

К-эй зари доманам, куҷо рафтӣ?
Мӯмиёят давои дилҳо буд, Худ кунун мисли мӯмиё рафтӣ.
Бе ту Пете дигар надорад ҳусн Бе ту Петест бесафо, рафтӣ...
1 Бо Баҳодур Азиз ёдат монд, Эй дареғо, ба ёдҳо рафтӣ.
Об шуд, об қалби ғамхорат, Пок будӣ, чу обҳо, рафтӣ...

МАРГИ ШОИР

Марги шоир – марги ошиқ, марги хунин аст,
Зиндагӣ аз хуни ӯ ин гуна рангин аст.

Зиндагӣ аз хуни ҷони ӯ ҷило дорад,
Аз ҳавои меҳри ӯ олам ҳаво дорад.

Афтаду хезад миёни корзори ишқ,
Ӯ бувад ҷондори ишқ андар канори ишқ.

Дар садои набзи дилҳо ӯ садо дорад,
Дар навои табли дилҳо ӯ наво дорад.

Нахли ӯ дар чор фасли сол гулбор аст,
Чор фасли сол ӯ сарсабзу пурбор аст.

Чашми шоир дидаи дунёи бедор аст,
Марги шоир марги як боғ аст, гулзор аст.

Марги шоир марги як рӯд аст, як роҳ аст,
Марги шоир марги як кӯҳ аст, як моҳ аст.

Марги шоир марги як ишқ аст, як уқбост,
Марги шоир марги як шаҳр аст, як дунёст.

Баҳодур ва Азиз фарзандони Раҷаб Азизӣ.

пешина
аз 218
навбатӣ