ДАР ОҒӮШИ ХАЗОНРЕЗ

Камол Насрулло яке аз шоирони эътирофшудаи адабиёти муосири мост, ки дар бунёди шеъри навини тоҷик саҳми боризи худро гузоштааст.
Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 218 саҳифа
Марги шоир марги бовар, марги уммед аст,
Марги нури зиндагонӣ, марги хуршед аст.
Барг-барг андешаҳояш бору барги мост,
Марги шоир марги шоир нест, марги мост...
БАРОИ УРУН КӮҲЗОД
Он якеро дард зод, андӯҳ зод,
Он якеро ишқ зоду рӯҳ зод.
То ки бошад қуллаи нанги диёр
Кӯҳзоди дигареро кӯҳ зод. (2017)
ГУЛНАЗАРИ ГУЛНАЗАР
Сурати сури саҳар – Гулназари гулназар.
Ҳамсафи нури саҳар – Гулназари гулназар.
Аз шаафи ҷони ӯ, меҳри парафшони ӯ,
Ёфт сухан болу пар... Гулназари гулназар.
Лоиқи даврони мо, Қутбии рахшони мо,
Шӯру қиёму шарар – Гулназари гулназар.
Бо пару боли дигар, ҷону ҷамоли дигар,
Шуд ба ҷаҳон ҷилвагар Гулназари гулназар.
Ӯ, ки зи Дардар расид, бо фари дигар расид,
Кард басо боз дар, Гулназари гулназар.
Бо суханаш миллате аз сари нангу шараф
Рост шавад ҳар саҳар, Гулназари гулназар.
Ҳарчи сухан гуфтаӣ, дарди Ватан гуфтаӣ,
Аз дилу ҷону ҷигар, Гулназари гулназар!

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё