ДАР ОҒӮШИ ХАЗОНРЕЗ

Камол Насрулло яке аз шоирони эътирофшудаи адабиёти муосири мост, ки дар бунёди шеъри навини тоҷик саҳми боризи худро гузоштааст.
Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 218 саҳифа
Боли ҳумо бо ту бод, боди сабо бо ту бод,
Бол кушову бупар, Гулназари гулназар!
Нест туро ҳоҷате ҳеҷ ба ганҷи гуҳар,
Ҳарфи ту худ симу зар, Гулназари гулназар!
ХУНЁГАРИ АРМОНИ МЕҲАН
Барои Афзалшоҳи Шодӣ
Ту, эй хунёгари армони Меҳан,
Ба рӯи шонаҳоятт шони Меҳан.
Ниёзу рози миллатро сурудӣ,
Сурудат то шавад дармони Меҳан.
Суруди ту судури худшиносист,
Чароғи роҳи фарзандони Меҳан.
Фурӯзон кардаӣ меҳри Ватанро
Чу гулхан дар дили мардони Меҳан.
Сурудат парчами якҷонии мост,
Ба оварду ба користони Меҳан.
Ба гӯшам ояд аз набзи навоят
Ҳаме набзи дилу виҷдони Меҳан.
Ҳамеша бо сурудад зинда бошӣ,
Чу набзи дил,чу набзи ҷони Меҳан!
ПАЗМОНӢ
Ба Баҳриддини Киром
Пазмони шумо шудам, азизон,
Як бори дигар ба ҳам нишинем,
Як коса шароби ишқ нӯшем,
Як даста гули навид чинем
Ку суннати сарфароз будан?
Ку анъанаҳои некмардон?
Ку дору мадору шӯри Қутбӣ?
Ку созу навову сӯзи Мастон?
Дар ҷабҳаи нангу родмардӣ
Чун пайкари ор хестанҳо?
Дар ҳифзи адолату ҳақиқат
Чун дар таҳи дор хестанҳо?
Ку соғару ҷомҳои лабрез,
Ку хандаи беғаши фалакпеч?
Ку Лоиқи базми назми меҳан?
Буд ишқу муҳаббату дигар ҳеч?
Фаввораи обшори ханда,
Дастони сахову хайру эҳсон?
Дар шаъшаъаи навори ханда
Симои ба нури он азизон?
Ку аз сари нанг хестанҳо?
Ку бо ҳама ранг хестанҳо?
Дар ҷангали ин ҳама табардаст
Монанди заранг хестанҳо?
Мастон, ки суруд дар забон буд,
Чун рӯди таронахон равон буд.
Қутбӣ сари сина боз мекард,
Бо чарху ситора роз мекард.
Сар бар зада рӯ ба рӯйи дунё,
Ғамро таҳи по намуда рафтан,
Дарҳои саодати ҷаҳонро
Аз синаи худ кушуда рафтан...

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё