Зеҳн
ДАР ОҒӮШИ ХАЗОНРЕЗ

Камол Насрулло яке аз шоирони эътирофшудаи адабиёти муосири мост, ки дар бунёди шеъри навини тоҷик саҳми боризи худро гузоштааст.

Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 218 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Пазмони шумо шудам, азизон!
Як бори дигар ба ҳам нишинем,
Армону умеди зиндагиро
Дар чеҳраи якдигар бубинем...
Октябр, 2016.

ҲАЗЛИ ДӮСТОНА
ба ифтихори 60-солагии Муҳаммад Ғоиб

Ӯ кист зариф асту зарофатзеб аст,
Сад ранҷи асаб дидаву беосеб аст.

Сарбози фидокори сухан дар Ватан аст,
Бе бим равона аз фарозу шеб аст.

Чун покниҳод асту зи аҳли тақвост,
Як умр насими пок андар ҷеб аст.

Бо пораи қоқи нон қаноат дорад,
Ҳарчанд, ки давлаташ ҳазорон кеп аст.

Ӯ кист, ки нест бенаво, кони навост?
Пайдост, ки ӯ Муҳаммади Ғоиб аст,


Бо он ҳама хоксорие, ки дорад,
Боло шуда дар сухан Муҳаммад Ғоиб.
Дар ҳозиру дар ғоиби ӯ мегӯям,
Пайдо шуда дар сухан Муҳаммад Ғоиб.

БАРОИ ОРТИҚ ҚОДИР

Зеби ҳунар аст ӯву ҳунар зеби ӯст,
Дар саҳна ба сурату ба сират некӯст,
Ровии умеду ормони миллат,
Сад нақш ба саҳна бозад, аммо якрӯст.

пешина
аз 218
навбатӣ