Зеҳн
ДАР ОҒӮШИ ХАЗОНРЕЗ

Камол Насрулло яке аз шоирони эътирофшудаи адабиёти муосири мост, ки дар бунёди шеъри навини тоҷик саҳми боризи худро гузоштааст.

Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 218 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

ЗИСТ АРЗАНДА
Барои Юсуфи Акбар

Ҳастии хеш бар сухан бахшид,
Андар ин боғ нахлҳо биншонд,
Номи некаш зи баъди ӯ дар даҳр
Бо сухан низ зинда хоҳад монд.

Чунки андар навиштаҳои ӯ
Пораҳои дилаш дурахшон аст.
Чунки дар ҳарфҳои гуфтаи ӯ
Нури маънист, набзи виҷдон аст.

Борҳо синаро сипар кардаст
Дар дифои сухан дар ин майдон.
Бо ҷасорат барои ҳарфи ҳақ
Буда ӯ ҳамканор бо мардон.

Ман аминам, ки Юсуфи Акбар
Дар диёраш назист беҳуда,
Дар раҳи фазл, дар раҳи маънӣ
Бедареғе вуҷуди худ суда.

Зиндагии ҳалол бар сар бурд,
Бо маоши базаҳмати худ зист,
Ман аминам, ки зист арзанда,
Як ҳамин некномияш кофист.
25.04.2018
МАНЗУМАҲО

АЗ СИРИШТИ ХАЛҚИ ТОҶИК

1
Савганд

Нури Ҳақ дар дидаҳо буд,
Амри Эзад раҳнамо буд,
Дар Хуҷанди бостон, дар қасри Арбоб
Бахти тоҷик рӯи дастони Худо буд.

Дар Хуҷанди бостон, дар қасри Арбоб
Қомате мардона боло шуд,
Чун муҳаббат аз сиришти халқ эҳдо шуд!
Аз дилу аз ҷони мардум хест!
Покрӯву тоза аз виҷдони мардум хест!
Аз таассуб, аз фиреб, аз макр, аз ғафлат раҳо шуд.

Аз сиришти халқ, аз дарду алам бархост,
Дар лабаш пайки адолат бо қасам бархост.

Нурафшону дурахшон Қоматаш омад бурун аз зулмати сад асри зиллат, Аз сари ҷабру ситамҳо, Аз тани кину аламҳо, Аз хусумат, аз ҷаҳолат, Аз сари сад гуна иллат...

Ин ҳазоронсола армон буд,
Бонги нанг, овои имон буд!
Дар раги ҳар вожаву ҳар ҳарф

пешина
аз 218
навбатӣ