Зеҳн
ДАР ОҒӮШИ ХАЗОНРЕЗ

Камол Насрулло яке аз шоирони эътирофшудаи адабиёти муосири мост, ки дар бунёди шеъри навини тоҷик саҳми боризи худро гузоштааст.

Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 218 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Хуни гарми миллату меҳан намоён буд!
Вожа дил буд, вожа ҷон буд, вожа виҷдон буд!..

Ҳарф-ҳарфи ин қасам он рӯз
Дар радифи партави номи Худованд,
Дар радифи покии шири сафеди модари ҷон,
Дар радифи хайрафшони дуои пирамардон,
Дар радифи ҳасрату уммеди ин халқи ба армон
Партавафшон буд!

Исми Ҳақ бар он ҷилои осмонӣ дод,
Шири модар бо сафедияш амонӣ дод,
Шуд муқаддас ин қасам аз файзи обу хоки меҳан,
Болу пар додаш дуои халқ дар афлоки меҳан!

Ин қасам чун сеҳр, чун дасти раҳо омад,
Бовари мо, ишқи мо, армони мо омад,
Ҷони мо бар ҷони мо омад...

То ки моро бозгардонад ба асли хештан,
То ки баргардонад аз нав асли моро бар Ватан:
Рӯдакиро, Бӯалиро, Мавлавиро... боз орад,
Бар Ватан базми нишот, оҳанги чангу соз орад,
То ки эҳёи навин бахшад ба Наврӯзи аҷам,
То дирафши ковиёниро баланд афрошта,
Боз биншонад ба тахти салтанат лафзи дариро,
Тоҷикистонро кунад боғи биҳишт,
То ки аз баъди ҳазору анд сол
Миллати моро бурун орад зи ҳабси сарнавишт.

Боз гардонад ба тоҷик тоҷи шаъну шони ӯро,
Ҷони ӯ, имони ӯ, эҳсони ӯро!..

Дар лабаш савганди Меҳан хест!
Бар дифои меҳанаш фарзанди Меҳан хест!
Ҳамраҳи ӯ миллати тоҷик ҳама якҷону яктан хест!

пешина
аз 218
навбатӣ