ДАР ОҒӮШИ ХАЗОНРЕЗ

Камол Насрулло яке аз шоирони эътирофшудаи адабиёти муосири мост, ки дар бунёди шеъри навини тоҷик саҳми боризи худро гузоштааст.
Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 218 саҳифа
Дар фурӯғи амри виҷдон
Дар канори хоки ҳикматхези аҷдодон,
Дар тулӯъи озарини субҳи неки Тоҷикистон,
Аз сиришти ҳиммату эҳсон,
Дар кафи нангу ҷасорат,
Дар фурӯғи амри виҷдон
Бо ҳазор эҳсоси ҷон бархост,
Офтобе дар ниҳон бархост,
Аз тани пурдарди ин миллат,
Аз сари нанги замон бархост,
Пайки нусрат дар забон бархост:
– Бар шумо ман сулҳ меорам!
Аз тани захмини мардум хест!
Аз сари сангини мардум хест!
Наъраи тамкини мардум хест!
Аз сари вайронаҳои халқ,
Чун ғиреви хастагон бархост:
– Бар шумо ман сулҳ меорам!
Аз канори нанг боло шуд,
Оҳи сад оҳанг боло шуд,
Бар алайҳи кинаву найранг боло шуд,
Бо фурӯғи ҳикмату фарҳанг боло шуд:
– Бар шумо ман сулҳ меорам!
Хест аз умқи вуҷуд, аз ғуссаву дарду ғами миллат, Бӯса зад бар парчами миллат, Бар ҷабину чашму рӯ молид онро, Дар сари дасташ фурӯзон кард ҷонро, То фурӯзон кард андар торами миллат Ин умеди нурафшонро:
– Бар шумо ман сулҳ меорам!

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё