Зеҳн
ДАР ОҒӮШИ ХАЗОНРЕЗ

Камол Насрулло яке аз шоирони эътирофшудаи адабиёти муосири мост, ки дар бунёди шеъри навини тоҷик саҳми боризи худро гузоштааст.

Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 218 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Халқи некӯсирати моро ба роҳи ростин То ба д-он ҷовид Меҳан раҳнамо шуд, раҳкушо шуд:
– Бар шумо ман сулҳ мехоҳам!

Инак, акнун пайки сулҳи анҷуманро,
Покии оби зулоли ин Ватанро,
Мебарад бо худ ба ҳар сӯи ҷаҳон
Парчами моро парафшон карда дар рӯи ҷаҳон!

Мерасад акнун нидояш аз канори қуллаҳои Меҳани мо,
Бар тамоми халқи дунё:
– Бар шумо ман сулҳ меорам!
06.10.2017.
МУНОЗИРА БО ХУД

Зи нури ӯ ту ҳастӣ ҳамчу партав,
Вуҷуди худ бипардозу ту ӯ шав.
Носири Хусрав

ХУДО МОРО шабеҳи худ биорост,
Ту медонӣ, Худо бо ин чӣ мехост?
Худо мехост, мо бо асл монем,
Амонатро ба ҳақдораш расонем.
Агар он қуръа моро раҳнамо шуд,
Амонатҳои дӯши мо куҷо шуд?!
Ба дасти мӯъҷиза моро Худо сохт,
Аз ин хоки сияҳ моро раҳо сохт.
Чу анфоси Худо дар ҷисми мо шуд,
Нафас бар най вуруд омад, наво шуд.
Чи зебо хилқате ҳамсони худ сохт,
Ки гӯйӣ аз дилу армони худ сохт.
Аз ин бунёд мақсудаш чиҳо буд?
Куҷо шуд асли мову аз куҷо буд?!
Чӣ арзу муддао дорӣ ту имрӯз,
Чӣ даъвӣ аз Худо дорӣ ту имрӯз?!
Худо танҳо ба гуфтору ба лаб нест,
Худо мавзӯи даъвову талаб нест.
Ки то гӯӣ: ба ман ин муддао деҳ,
Худо дорӣ, ба ман андак Худо деҳ.
Чӣ суд аз лаб, агар аз дил наборад?!
Чӣ суд аз кишт, агар ҳосил надорад?!
Куҷо рафтӣ, куҷо рафтӣ ту, инсон?
Ки аз нуру сафо рафтӣ ту ин сон?
Аз ин даъвои беҳосил чӣ суд аст?
Ҳама ҳарфи ҷаҳон бод аст, дуд аст.
Агар дасти раҳои худ набошӣ,
Асои худ барои худ набошӣ,
Зи бероҳӣ куҷо хоҳӣ расидан?
Ту дар чоҳӣ, куҷо хоҳӣ раҳидан?

пешина
аз 218
навбатӣ