Зеҳн
ДАР ОҒӮШИ ХАЗОНРЕЗ

Камол Насрулло яке аз шоирони эътирофшудаи адабиёти муосири мост, ки дар бунёди шеъри навини тоҷик саҳми боризи худро гузоштааст.

Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 218 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Ту аввал хешро аз худ раҳо кун,
Худи бадкешро аз худ ҷудо кун.
Шукуфо шав чу гул аз шохаи хушк,
Бурун о аз димоғи пок чун мушк.
Гузар аз суду аз будат, ба худ о,
Ба сад ваҷд аз вуҷудат бар вуҷуд о.
Зи нахли қомати худ бору бар деҳ,
Зи шохи орзуҳоят самар деҳ.
Макун айби худатро бар Худо бор,
Гиребонаш раҳо кун, доманаш дор!
Вале беҳтар, ту домангири худ бош,
Биҷӯ тадбири хешу пири худ бош!
Шукуф аз меҳр дар хешу сафо ор!
Вузӯ дар ашки худ, рӯ бар Худо ор!
Гуноҳи худ маяфкан бар Худованд,
Худо гӯӣ, Худо гӯӣ, Худо..., чанд?

ХУДО БАР сони худ бунёди мо кард,
Сипас дар роҳи ҳақ моро раҳо кард.
Чу мо эъҷози дастони Худоем,
Ба худ армони ӯро менамоем.
Аз ин рӯ ин асолат ҳаст бо мо,
Ҷалоли ин ҷалолат ҳаст бо мо.
Ҳамон дам, к-аз вуҷуди мо Худо рафт,
Бидон, к-ин боғи маънӣ бар фано рафт.
Умеди умр дар мо будани ӯст,
Ба ҳастии ту маъно будани ӯст.
Чу моро аз адам одам биофард,
Барои шодии мо ғам биофард.
Чу бовар дод, мо бовар накардем,
Шак овардем, сар бар дар накардем...
Агар ӯ баҳри мо шайтон намесохт,
Куҷо буд имтиҳон дар бурду дар бохт?!
Бигӯ, то чанд бошӣ ёри фитна,
Саратро хам намояд бори фитна?!
Худо гӯӣ, Худо гӯӣ, Худо...Чанд?!

пешина
аз 218
навбатӣ