Зеҳн
ДАР ОҒӮШИ ХАЗОНРЕЗ

Камол Насрулло яке аз шоирони эътирофшудаи адабиёти муосири мост, ки дар бунёди шеъри навини тоҷик саҳми боризи худро гузоштааст.

Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 218 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Ба дӯши ӯ гузорӣ бори мо чанд?!
Худоро мон, бипурс аз худ, ки чунӣ,
Чаро афтодаӣ бар ин нагунӣ?!
Худо бунёдат аввал кард, аммо
Ту ин бунёд афкандӣ ба сад ло.
Агар некӣ, агар бад, аз худи туст,
Ту ҳарчи киштаӣ, аз он ҳамон руст.
Худо гуфтат магар, ки рав, бадӣ кун,
Хиёнат кун, разолат кун, дадӣ кун?!
Худо подошро бидҳад дар анҷом,
Вале монад, ки худ ёбӣ саранҷом.
Ҳама бори худашро марди беор,
Бихоҳад кард бар дӯши Худо бор.

ЗАБОН ДАР ком агар як теғи лоф аст, Чу шамшере бувад, к-андар ғилоф аст, Чунон теғе, ки дилро пора созад, Зи ёри ҷониат патёра созад..
Чӣ маънӣ дошт моро офаридан, Ки ҷои мо кунад сози тапидан?!
Ба ҷои мо агар мезист ӯ, пас Чӣ ҳоҷат будаш аз бунёди ҳар кас.
Ту худро аз худат озод кардӣ, Каҳи бедонаатро бод кардӣ.
Ту бар боди рибо печида рафтӣ.
Ба амвоҷи риё печида рафтӣ, Ту садҳо шайху муршид офаридӣ, Ҳазорон бут ба тақлид офаридӣ.
Ҳама ин аблаҳӣ, доноӣ аз туст, Ҳама канбуриву коноӣ аз туст.
Ҳама ин озу озурист аз ту,
1 Ҳама ин зуриву зӯрист аз ту.
Аё одам, чӣ менолӣ ту бо Ҳақ Чи дорӣ ин қадар даъвои ноҳақ?!

Зурӣ – дурӯғ

пешина
аз 218
навбатӣ