Зеҳн
ДАР ОҒӮШИ ХАЗОНРЕЗ

Камол Насрулло яке аз шоирони эътирофшудаи адабиёти муосири мост, ки дар бунёди шеъри навини тоҷик саҳми боризи худро гузоштааст.

Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 218 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Ту худ рафтӣ, ба шайтон хӯ гирифтӣ,
Аз ӯ сад рӯ, аз ӯ нерӯ гирифтӣ,
Ба он ҳадде, ки худ шайтон шудӣ пас,
Ки мункир аз фари Раҳмон шудӣ пас.
Худованди таолло озмудат,
Дари ҳастии зеборо кушудат.
Ки шаҳватро ба ҷонат чун таш андохт,
Ба рагҳоят фурӯ ин оташ андохт.
Мапиндорӣ, к-аёнат ноаён аст,
Ҳаётат ҳар дақиқа имтиҳон аст.
Киат ин гуна побанди ғазо кард,
Ки мегӯӣ: Худо кард ин, Худо кард?
Киат бар сӯи Аҳриман садо кард,
Ки мегӯӣ: Худо кард ин, Худо кард?
Ҳама корат кунӣ бори Худованд,
Кунӣ худ, гӯӣ: ин кори Худованд.
Ҳама ин макру истезу рибо чист?
Ҳама аз туст, пас айби Худо чист?

ТАНИ МО фонус асту ҷон чароғ аст,
Чароғи мо киро андар суроғ аст?
Фари мо аз чароғи равшани мост,
Саодат аз димоғи равшани мост.
Валекин не чароғу не суроғест,
На савти ҳудҳуде аз сӯи боғест.
Чаро роҳи ту сӯйи дигар овард?!
Чаро ройи ту рӯйи дигар овард?!
Ба ҷонат кина мисли ғунда ҷо шуд,
Вуҷудат мубталои ин ано шуд.
Зи пушти ҳирсу ози хеш рафтӣ,
Ба коми нафси бози хеш рафтӣ.
Хусумат бе фару кӯру карат кард,
Ҳасодат мурғи беболу парат кард.
Манам акнун фурӯ ғарқида дар ғам,
Ман аз шайтон натарсам, аз ту тарсам!
Бале, шайтон ҳамеша дар ситеғ аст,
Вале одам шавад шайтон, дареғ аст!

пешина
аз 218
навбатӣ