ДАР ОҒӮШИ ХАЗОНРЕЗ

Камол Насрулло яке аз шоирони эътирофшудаи адабиёти муосири мост, ки дар бунёди шеъри навини тоҷик саҳми боризи худро гузоштааст.
Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 218 саҳифа
Ку баро, озари озодӣ шав,
Ки аз он буда пушаймон будем!
Ку биё, тарҳи дигар соз зи худ,
На ҳамон тарҳ, ки дар он будем!!
04.04.2012
ШАРОР ДАР САНГ
Зиндагонӣ шарор дар санг аст,
Зиндагонӣ салоҳ дар ҷанг аст.
Мезанад чанг ҳарчи моро умр,
1 Хонаи мо ба дасти харчанг аст.
Дангу дунги замона мор кушт,
Дангии мо зи дасти ин данг аст.
Мезанад ҳанг ҳангии ҳангом,
Ҳанги ӯ з-он бувад, ки бе ҳанг аст.
Бандаи бандҳои ифротем,
Бандаки мо зи банк то банг аст.
Зиндагонӣ навори макру фиреб,
Ранг дар ранг, ранг дар ранг аст.
Одамӣ пир шуд нашуд оқил,
Зиндагии заҳида дар занг аст.
Ғуссаи ман, ки ҷуссаи ман шуд,
Пайкари ман барои ман танг аст.
Ҳабси хешем, бин, ки рӯи мо
Дар паси симхори ожанг аст...
22.01.2011. Хоҷа Оби Гарм
1 Харчанг – саратон. Дар истилоҳи нуҷум чаҳорумин бурҷ аз бурҷҳои дувоздаҳгонаи фалак ва хонаи моҳ аст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё