ДАР ОҒӮШИ ХАЗОНРЕЗ

Камол Насрулло яке аз шоирони эътирофшудаи адабиёти муосири мост, ки дар бунёди шеъри навини тоҷик саҳми боризи худро гузоштааст.
Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 218 саҳифа
ЧӢ ГӮЯМ ЧУН ШУД...
Ҷойи ман ҷойи дигар буд, чӣ гӯям, чун шуд?!
Дар бари шамсу қамар буд, чӣ гӯям, чун шуд?!
Чашмаи пок, ки оинаи маъниҳо буд,
Дар ду чашмам чу назар буд, чӣ гӯям, чун шуд?!
Талхкомам ман аз ин мазмазаи тунду шӯр,
Дар лабам шаҳду шакар буд, чӣ гӯям, чун шуд?!
Бандагии зару симу тамаъи ҷоҳу ҷалол
Кай маро пеши назар буд, чӣ гӯям, чун шуд?!
Хатар аз пешу бару пушти сарам мечархад,
Хатар аз ман ба хатар буд, чӣ гӯям, чун шуд?!
Он ки дар ман бувад, ӯро нашиносад дили ман,
Хоки ман покгуҳар буд, чӣ гӯям, чун шуд?!
Зиннати боғ ҳама зоғу калоғон шудаанд,
Ҳудҳудам шонабасар буд, чӣ гӯям чун шуд?!
Ин ҳама беназарӣ, бепадарӣ ҳосили чист?
Зотам аз аҳли назар буд, чӣ гӯям, чун шуд?!
Хор шуд, хор ҳама пайкари гулборонам,
Шохаам дасти самар буд, чӣ гӯям, чун шуд?!
Шоми мубҳам ба сарам ваъдаи тӯфон дорад,
Фараҳам файзи саҳар буд, чӣ гӯям, чун шуд?!
Ин ҳама шар ба башар чист, манам зодаи хайр,
Хайр пирӯз ба шар буд, чӣ гӯям, чун шуд?!
Боғбоне, ки маро кошта буд, омад боз,
Дар кафаш дасти табар буд, чӣ гӯям, чун шуд?!

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё