Зеҳн
Агар вай мард мебуд - Баҳром Фирӯз

Буньёди ин қисса воқеист ва иштирокчиёни он имрӯз дар қайди ҳаётанд.

Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 538 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Дар кори умум маслиҳат ҷоиз аст, ана, доир ба азнавсозии фабрика ду сол аст, ки маслиҳат мекунанд, аммо ба як қарор намеоянд. Атласбофиро кам накарда, яъне ҳам планро иҷро мекардаанду ҳам цехи наву дастгоҳҳои навро ба кор омода месохтанд. Агар планро кам накунанд, коргарон аз мукофот маҳрум мешаванд... Ҳа, воқеан, Бадалбек боз дар деҳа духтар дорад-ку...» Ин фикр ба сараш омаду Кабир як оҳи сабук кашид, гӯё чораи мушкили худро дарьёфта бошад, қоматашро рост кард.
Кабир ин ҳама розу ниёзро ба Бадалбек чигуна гуфтанашро намедонист. Бо духтараш шиносо нагашта, аз забонаш як сухан нашунида, валвала бардоштан аз ақлу тадбир набуданашро пай мебурд. Мебоист, ки як бор духтаракро дида, ҳамсӯҳбат шавад. Балки худи духтар розашро ба падар гуфта, мушкили Кабирро осон мекунад. Бо вуҷуди ин, хомӯш будан натавонист.

Фотима он рӯз ҳамроҳи духтарон аз дари донишгоҳ берун омад.
Ин бор духтар зуд нигоҳи гарму ташнаи ӯро пай бурд, ҳатто дуздида-дуздида ду-се бор ба гӯшаи чашмаш дилҷӯёна нигарист. Ба Кабир чунин намуд, ки вай чандон бенуру бесафо нест, ҳатто аз гӯшаи чашм дуздида нигаристанаш аҷаб дилрабо аст.
Баъд духтар якбора аз роҳаш бозистоду бо баҳонае аз дугонаҳояш ҷудо шуд ва баргашта дарун рафт.
Хотири Кабир ба мисли шаддаи марҷоне, ки ногаҳон риштааш гусаста бошад, дар як лаҳза боз парешон шуд:

пешина
аз 538
навбатӣ